Агар ба фарҳанги тафсири забони тоҷикӣ назар афканем,маънои “хона” маскани зиндагӣ, манзил, истиқоматгоҳ дар ҳавлӣ ё ҳавлие ки чанд ҳуҷра дорад, ифода мекунад. Бале, ба таърихи фарҳангӣ хона ё манзил нигарем, инсон бо тақозои замон аз ғор, заминкан, чайла баромада то ба биноҳои баландӣ бисёрошёнаи замонавӣ омада расидааст, ки шакли ҳаёти инсон бо тақозои пешравии замони муосир тағийр ёфта, зиндагиро бо орзуву умедҳои нек идома бахшида истодааст.
Зикр намуд, ки дар асри санг, яъне дар давраи ибтидоӣ одамон тӯда- тӯда дар ғор, заминкан, қамарро ба сифати истиқоматгоҳ қарор дода , ҳаёт ба сар мебурданд. Баробари пешрафти мурури замон ба ҳаёти мустақим гузаштани инсон ҳам намуди манзилҳо низ тағийр ёфтанд, ки аз давраҳои замонҳои гузашта одамон аз санг, лой, хишти хом, кулӯла, чӯб ё дигаре манзил месохтанд. Намуди пӯшидан истиқоматгоҳҳо ба шароити табии географӣ, хусусиятҳои муносибатҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, дараҷаи ҳаёти моддию маънавӣ, анъанаҳои миллии одамон вобастагӣ дошт. Инчунин бо пешрафти тараққиёти замон хонаҳои калони якчанд ҳуҷрагӣ мепӯшиданд, ки дар ҳавлӣ ҷой дода мешуданд. Дертар санъати хонапӯши иваз шуда, биноҳои истиқоматӣ ба таври алоҳида аз хишти пухта бунёд мекардагӣ шуданд. Устоҳои моҳири хонапӯш девори даруни хонаро бо таҳмону токчаҳо орову зиннат дода бар онҳо кандакорию гаҷкорӣ ва нақшаҳои ҳандисӣ сабт мекарданд.
Хонаҳои қадим аз даҳлез иборат буда ва дар он обрез, оташдон ва мӯрӣ ҷойгир карда буданд. Масоҳати хона ба ду тақсим мешуд, ки яке хона калон, дигаре хонаи хоб буд. Дар мобайни девори хонаи калон бари пештоқ барои сандуқу кӯрпачаҳо таҳмон месохтанд ва дар кунҷаш сандалӣ барои фасли сармои зимистон гузошта мешуд. Ҳуҷраи хобро аз даҳлез бо девори махсус ҷудо мекарданд, ки ҳонаҳо бо кандакории рӯйи чӯб, гаҷкорӣ, наққошӣ оро дода мешуданд.
Қобили зикр аст, ки чунин намуди манзили истиқоматӣ, мансубият ба хонаи занон дорад, ки дар Хона- музейи ба номи Камоли Хуҷандии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” бо тамоми таҷҳизоту ашёву лавозимоти қадима бо санъати баланди меъмории миллӣ сохта шудааст, ҳамарӯза меҳмонон дидан мекунанд.
Гузашта аз ин меҳмонону сокинон ва сайёҳони дохиливу хориҷӣ бо дидани ин гуна хонаҳои қадимаи ниёгон, ки аз дуриҳои зиндагӣ бинандаро мафтуни худ месозад, боиси ифтихори таъриху фарҳангӣ миллати тоҷик ба шумор меравад.
Валӣ Набизод- котиби маркази иттилооти МД МФТ”Қалъаи Хуҷанд”.