Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Таърихи қалам ва қаламдон

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Агар ба таърихи фарҳанги гузашта назар афканем, “қалам”-ро бо  забони форсӣ ”мадод” мегӯянд. Ифода бар ин дар забони тоҷикӣ бо калимаҳои килку хома низ маълум  мебошад. Яъне найи тарошидашударо гӯянд, ки бо он хат  менависанд, ки қалам ҳамкору ҳамзамони осори хаттию тасвирӣ ба шумор меравад.

Пайдоиши  найқалам ва хелҳои дигари қалам аз замонҳои қадим мансуб буда , зиёда аз 1200 сол буда , инчунин аз пари паранда низ истифода мебурданд. Гузаштагон барои тасвиру навишт воситаҳои гуногун, ки ковоки миёнаи  найқаламро бо ангишт, қӯрғошим, маъдани сиёҳ ва ранги хушк мерехтанд, ки барои навишт қулай буд.

Илова  ба ин намунаҳои қалам аз штифтҳои оҳанӣ, қӯрғошим ва  нуқрагин иборат буда, дар асрҳои XII- XVI истифода мебурданд. Дар асри  XIV бо истилоҳ “қалам”- и итолявӣ пайдо шуд, ки он  аз гили сиёҳи варақсанг сохта шуда буд. Дар асри XVI қаламҳои графитӣ ва қаламҳое, ки аз хокаи устухони сӯхта ва ширеши растанӣ сохта шуда буданд, ки хело маъмул гардида буданд.

Бояд гуфт, ки дар асри XIX ихтироъкори олими чех И. Гартмурт милаҳои аз омехтаи графити кӯфта ва гил тайёркардаро пешниҳод намуд, ки он асоси истеҳсоли технологияи қалами механикӣ ё автоматикӣ ба вуҷуд омада, дар асри  XIX васеъ паҳн гардид. Дар натиҷа технологияи истеҳсолоти қалам ривоҷ ёфта  аз рӯйи хусусияти навишашон, дараҷаи сахтиашон гуногун истеҳсол мешуданд, ки дараҷаи дурушташон бо ҳарфи М- ( мягкий) яъне нарм, Т-(твердый) сахт ва МТ( средный твердости ) ним сахт  ва бо рақами пеш аз ҳарф омада ишора мекарданд. Яъне, рақами калон дараҷаи калони сахтӣ ё нармиро ифода мекард.

Қобили зикр аст, аз замонҳои қадим мардум қаламҳоро эҳтиёт мекарданд ва онҳоро дар қаламдони махсус , ки дар он қалам, мӯйқалам ва дигар асбобҳои китобатиро нигоҳ медоштанд. Қаламдонҳоро асосан аз чӯб ва физил сохта , ҳунармандон барои зеб бахшидан онро нақшу нигор ё ҳаққоқӣ мекарданд. Гуфтан ба маврид аст, ки дар деҳаи Равмеди Кӯҳистони Бадахшон қаламдони чӯбинеро , ки аз ҷониби ҳунармандони бадахшонӣ дар рӯйи он се бузи кӯҳӣ, мурғон , сурати барг ва паранда тасвир ёфта, инчунин  гурги  таъқибкунандаи  ҳаққоқӣ  кардашударо пайдо намуданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар толори намоишии “Санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои амали”-и  Қалъаи таърихии Хуҷанди МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”, дар зершиша дастгоҳи китобдӯзӣ, чароғи сиёҳ, давотдон ва дар қатори он  қаламдон, ки ба охири асри XIX  ва аввали асри  XX тааллуқ  доранд, баҳри тамошобинон гузошта шудааст.

Қобили зикр аст, ки дар осорхонаҳои таърихии шаҳрҳои Самарқанд, Бухоро, Тошканду Душанбе, Истаравшан , ки чунин намуди қаламдон маҳфуз нигоҳ дошта мешаванд.

Валӣ Набизод- котиби маркази иттилооти МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОТаърихи қалам ва қаламдон
Scroll to Top