Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Чархи зиндагӣ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Рассом, мусаввир ин шахсест, ки бо ҳунари худ дунёро таҷассум мекунад. Ӯ танҳо бо воситаи мӯқалам ва ранг метавонад дунёро тасвир намояд, ки ҳангоми тамошои он инсон мафтуни он мегардад. Имрӯз дар баробари рассомони бузурги дунё, рассомони тоҷик, алалхусус вилояти Суғд низ шукӯҳу шаҳомати хешро пайдо намуда, асарҳои тасвирнамудаи  онҳо дар намоишгоҳҳои байналмиллалӣ муаррифӣ гардида истодаанд, ки  сарбохтагони худро пайдо намудаанд. Боиси қайд аст, ки имрӯз бевосита таҳти ғамхории Сарварии фарҳангпарвари миллати тоҷик, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди  ҳунарҳои воло чораҳои зарурӣ андешида шуда, дар тамоми гӯшаю канори кишвар барои аз худ намудани ин касби нозук барои ҷавонон ва наврасон маҳфилҳою чорабиниҳои мухталиф ташкил шуда истодааст, ки боиси ифтихори миллии мо мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои худ қайд намуда буданд: “Рассомон - миёни намояндагони аҳли санъат баробари тарғибгари фарҳанг буданаш, инчунин, қосиди сулҳу дӯстӣ низ ба шумор меравад. Дар  асарҳои тасвирии онҳо муҳимтарин масъалаи глобалӣ, аз ҷумла инъикоси мавзӯи сулҳу дӯстӣ муҳим ва мубрам маҳсуб меёбад.”

Санаи 24 январи соли равон дар толори намоиши Осорхонаи таърихии вилояти Суғди МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” бахшида ба ифтихори 10 - солагии таъсисёбии бахши Суғдии Академияи муссавирии Тоҷикистон  зери   унвони  “Чархи зиндагӣ” кушода шуд. Дар  намоиши асарҳои рассомон, Давлятов Абдухолиқ - аъзои  Академияи мусаввирии Тоҷикистон ва Иттифоқи рассомони Тоҷикистон, Бобоев Руслан ва Пучкасова Наталья  ба маърази тамошобинон гузошта шуданд.

Чорабиниро бо сухани муқаддимави Омири кулли МД “МФТ “Қалъаи Хуҷанд , Иброҳим Иброҳимов ифтитоҳ намуда , меҳмононро хайру мақдам гуфт.

Инчунин дар чорабинии мазкур  намояндагони МИҲД-и шаҳри Хуҷанд,    Ҷӯразода Набӣ, Ҷӯраев Ғафурҷон- арбоби шинохтаи халқи тоҷик, дорандаи ҷоизаи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Ҳасанов Салимбой – номзади илмҳо педагогӣ, профессор, аъзои академияи мусаввирони Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Абдураҳим Ҷаборов – Академики академияи муссавирони Тоҷикистон, ҷонишини бахши Суғдии академияи муссавирони Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Қобили зикр аст, ки дар толори намоишгоҳи мазкур чанд адад намунаҳои эҷодии рассомон ба намоиш гузошта шуданд. Боиси қайд аст, ки мухлисон ва  ихлосмандони санъати рассомӣ метавонанд аз ин намоиш дидан намоянд.

Сайфиева Шарифахон- мудири шуъбаи оммавӣ- фарҳангӣ ва робита бо ҷомеаи МД МФТ”Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОЧархи зиндагӣ
Scroll to Top