Табиат рӯз ба рӯз бедор шуда истодааст, яъне баъди панҷоҳ рӯз пурра ба ҳукми Наврӯзи оламафрӯз мегузарад. Давраи шинонидани дарахту гулу гулбуттаҳо оғоз ва фаро мерасад.
Боз ҳам замин аз зимистону хоби сангин бедор мешавад, ки бедоршавии табиат чун анъанаи наку бо шинонидани ниҳолҳои сояафкани ороишӣ ва ҳамешасабз ба маъракаи ниҳолшинонӣ оғоз мегардад.
Мусаллам аст, ки барои беҳдошти ҳифзи табиат ва ободонии Боғи фарҳангию таърихии ба номи Камоли Хуҷанди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” аз ҷониби боғдорон ҳаматарафа бо шинонидани дарахтони ҳамешасабз, ороишӣ ва гулу гулбуттаҳои мавсимӣ тайёрӣ дида истодаанд, ки аз манфиат холӣ нест.
Дар асл, гулу гулбуттаҳо ороиши асосии боғи фарҳангию истироҳатӣ барои зебу зиннат додани манзараи барҳаво ва интихоби он пешниҳод шудааст. Боғбонон пеш аз ҳама заминро ҳамвор монанди бистар ҳошиякашӣ мекунанд, ки пайдоиши майдон аз он вобаста аст.Аз боғбонони чирадаст риояи якчанд шароити муҳим ба монанди интихоби намуди гулҳои рангоранги мавсимӣ, омода намудани нақшаи дизайнерӣ, таркиби хок, релефи замин, таъминоти ғизо ва шароити иқлим вобастагӣ дорад
Вақте ки интихоби ниҳоли гулҳо барои шинонидан қабул мегардад, бештар онҳо ба афзалияти эстетикӣ такя мекунанд. Замоне ки киштукори шинонидан оғоз мегардад дар хок хокӣ мегузоранд ва илова бар ин пору , инчунин пеш аз шинонидани гул хок бояд хуб задашуда аз он решаҳои алафҳои бегона бо пуррагӣ тоза карда шаванд.
Бале, барои шинонидани гулу гулбуттаҳо талаботи риояи боду ҳаво ҳатмист. Набояд дар ҳаво сард ё шамоли сахти боронӣ шинонд.
Албатта, шинонидани гулҳои рангоранги мавсимӣ вақте ки нашъунамо мекунанд, шапаракҳои рангини дурахшон аз гул ба гул нишаста бинандаро пешвоз мегирад.
Воқеан, боғи фарҳангию истироҳатӣ ба фазои ягонагӣ, тасаллӣ ва руҳи илҳоми тоза ба кас ҳадя мекунанд,ки ба гулистони воқеӣ мубаддал хоҳад гашт.
Валӣ Набизод- котиби маркази иттилооти МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”