Маҳорати тарошасозӣ яке аз шуғли ҳунармандони мардуми тоҷик маҳсуб ёфта, ҳанӯз аз замонҳои қадим мардум бо ҳунари тарошасозӣ сару кор доштанд, ки олоту ашёҳои гуногуни рӯзгорро аз чӯб омода мекарданд. Бале, санъати маҳорати тарошасозӣ, ки кафлесу қошуқ ва табақу косаҳо, шона, дастаи олотҳои меҳнатӣ,бели чӯбин ва ғ. аз чӯб месохтанд, ҳунари аҷдодӣ ба ҳисоб меравад. Бояд гуфт, ки маҳсулотҳои аз чӯб сохташуда аз ҷиҳати сохту андоза гуногун буда, калону хурд ва паҳн ё чуқур мешаванд.
Ҳунармандони мардумӣ барои истеҳсоли ашёҳои рӯзгори чӯбин бештар аз дарахтони чормағз, зардолу, чинор ва зарбед истифода мебаранд. Гуфтан ба маврид аст, ки ҳунармандони мардумӣ сокинони гӯшаву канори шаҳру деҳотҳои кишвари Тоҷикистон, ба ғайр аз тарошасозӣ дигаре бо дуредгарӣ, кандакорӣ ва гаҷкорӣ низ машғул ҳастанд, ки маҳсулоти меҳнатӣ онҳоро дар растаю бозорҳо дидан мумкин аст. Яъне, ки ҳунари мардумиро ҳунармандон аз гузаштагони худ омӯхта бо шавқи зиёд то ҳоло бо шогирдони худ идома бахшида истоданд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” аз сокини шаҳри Истаравшани (собиқ Уротеппа) вилояти Суғд, Тоҳирова Файзибибӣ соли 1976, дар асоси санади № 10 кафлесу белчаи аз чӯби дарахти бед сохташударо қабул намуда, баҳри маърази тамошобинон гузошта шудааст.
Мусаллам аст, ки дар мавриди дидан намудани байни дигар ашёҳои рӯзгори тарошидашуда, чунин намуди ашёи чӯбин диққати сайёҳонро ба худ ҷалб мекунад, ки бозгӯи фарҳангӣ бойи халқи тоҷиконро инъикос мекунад.
Валӣ Набизод- котиби маркази иттилоотии МД МФТ”Қалъаи Хуҷанд”