Дар Осорхонаи таърихии Муассисаи давлатии «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» вохӯрӣ таҳти унвони «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст» бо иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ Эшонов Мамадхон ва Ахмедов Қориҷон баргузор гардид.
Омири осорхона Бойматов М. вохӯриро оғоз бахшиданд. Таҳти мусиқии оркестри нафасии Раёсати қӯшунҳои дохилии қисми ҳарбии 3501-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Суруди миллӣ сароида шуд. Сипас омири кулли муассиса Иброҳимов И.С. ба сухан баромада, меҳмононро бо иштирокдорони вохӯрӣ шинос намуданд.
Орипов М.-раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Хуҷанд ба сухан баромада, аз «Нақши иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва собиқадорон дар тарбияи насли наврас» ёдовар гардиданд.
Исматҷонов Б.-мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд зикр дошт, ки «ҷавонон-номбардор ва идомадиҳандагони анъанаҳои неки падарону бобоҳои қаҳрамонамон ҳастанд».
Қаҳрамонони даврони мо-Эшонов Мамадхон ва Ахмедов Қориҷон ба сухан баромада, аз хотираҳои ҷангии худ ёдовар гардиданд. Маълум гардид, ки бобои Эшонов Мамадхон дар ин ҷанги мудҳиш ҳамчун разведкачӣ фаъолият бурдаанд. Взоде, ки ин кас роҳбарӣ мекарданд 59 афсару аскари фашистро дастгир намуда будааст. Ин бобои қаҳрамони мо ба ордену медалҳои сершумори худ ишора намуда мегӯянд, ки «онҳоро ман танҳо барои ба даст овардан ва аз хатти пеши фронт гузаронидани «забон»-ҳо соҳиб гардидааму халос».
Қаҳрамони дигари мо бобои Ахмедов Қориҷони 93-сола қисса менамоянд, ки «вақте 18-сол доштам ин ҷанги хонумонсӯз оғоз гардид. Бо хоҳиши худ ба ҳифзи Ватан бархостам ва баъди итмоми мактаби ҳарбӣ роҳи ҷангии ман оғоз гардид. Дар муҳорибаҳои пуршиддати Сталинград иштирок карда, ярадор гардидам. Баъди барқарор намудани саломатиам муҳорибаро бо фашистони ғаддор идома дода, дар озодкунии шаҳрҳои Киев, Житомир, ҷумҳуриҳои Чехословакия Полша, Австрия иштирок намудам. Баъди ба даст овардани Ғалаба сарбаландона ба Тоҷикистони азиз баргаштам, алҳол давлати пирӣ меронам» ва ҳамаи ҳозиринро дуои нек намуданд.
Содиқов К.-раиси Шӯрои ҷанговарони байналмиллали вилояти Суғд дар мавзӯи «Қаҳрамонон ҳаргиз намемиранд» баромад намуда, қайд намуданд, ки «гарчанде дар муддати 71-сол аз қаҳрамониҳои ин падарону бобоёни шӯҳратманд китобҳо нашр гардидаанд, филмҳо наворбардорӣ шудааст, муҷассамаҳо гузоштаанд, вале ҳанӯз ҳам саҳифаҳои зиёди қаҳрамонии онҳо нокушода мондааст».
Нурзод М.-капитан, сардори зершӯъбаи тарбиявии Раёсати қӯшунҳои дохилии қисми ҳарбии 3501-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст» андешаронӣ намуда, хотиррасон намуд, ки собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ афсонаи зиндаи рӯзгори мо ҳастанд.
Нигаҳдори асосии фонди осорхона Ӯрмонҷонова А. перомуни «Қаҳрамонӣ асрҳо зинда мемонад» маърӯза намуда, аз қаҳрамониҳои ҷанговарон ёдовар гардид. Лозим ба тазаккур аст, дар ин ҷанге, ки дар таърих ҳамчун хунину бераҳмона ва мудҳиштарин аст, аз Тоҷикистон 278 000 нафар даъват шуда, аз онҳо 90 000 нафар халок ё беному нишон гардидаанд. Ҳамчунин аз фаъолияти тоҷикдухтароне, ки дар арсаи ҷанг қаҳрамониҳои бемислу монанд нишон додаанд, ба монанди Ойгул Мамадҷонова, Ҷаннат Раҳимова, Назира Умарова, Иномҷон Қурбонова, Саодат Алибоеваро хотиррасон карда шуд.
Гуфтан ҷоиз аст, ки дар вохӯрӣ Қобилов М.-раиси Шӯрои собиқадорони ҷанговарони байналмиллалии шаҳри Хуҷанд ва як гурӯҳ иштирокдорони ҷанги Афғонистон низ ҳозир буданд.
Дар қисмати бадеии чорабинӣ муҳассилини МТМУ №27-и ш.Хуҷанд шеърҳо перомуни Ватану ватандорӣ, сулҳу дӯстӣ қироат намуда, саҳнае аз достони Абулқосим Лоҳутӣ «Ғалабаи Таня»-ро намоиш доданд. Баҳри болидахотирии аҳли нишаст аз ҷониби ҳайати шахсии оркестри нафасии Раёсати қӯшунҳои дохилии қисми ҳарбии 3501-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон сурудҳои ҳарбӣ ватандӯстӣ сароида шуд.
Дар анҷом аз ҷониби маъмурияти Муассисаи давлатии «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» ба иштирокдорон тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд ва хонандаи МТМУ №27 Маҳмудов Муталлиб барои иштироки фаъолонааш дар чорабиниҳои фарҳангии муассиса бо Сипоснома сарфароз гардид.
Ҳамин тавр, ин чорабинии таърихӣ дар сатҳи баланди фарҳангӣ ҷараён гирифт.