Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Сипоси собиқадорони меҳнат

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Ҳайати гурӯҳи ташкилоти ибтидоии собиқадорони шаҳри Хуҷанд, бо сарварии Ғозиев А.Б - Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Хуҷанд, аз Қалъаи таърихии Хуҷанди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” дидан намуданд.

Меҳмононро Омири кулли муассисаи мазкур Иброҳимҷон  Иброҳимов пешвоз ва хайру мақдам намуд. Ӯ аз ҷумла, доир аз саргузашти  азнавсозии Қалъаи таърихии Хуҷанд, ба таври мухтасар меҳмононро ошно намуд.

Сипас, меҳмононро аз толорҳои намоишии Қалъаи таърихи Хуҷанд, роҳбалади муассиса Гафурова Дилноза сайри илмӣ гузаронид. Бояд гуфт, ки халқи тоҷик дорои таъриху фарҳангӣ бою ғанӣ дорад, аз ҳар толорҳои намоишӣ истодагари намуда моҳияти  онҳоро ба таври илмӣ маърӯза намуд,ки меҳмонон ба санъати меъмории нақшу нигори толорҳо баҳо баланд доданд.

Баъдан, меҳмонон аз чойхонаи ”Қалъаи Хуҷанд”, инчунин аз 8  намунаи ҳавлиҳои ҳунармандон ҳавлии наққош, бофанда, дуредгар, қолинбоф, кулолгарӣ, сӯзанидӯз, оҳангарон ва ҳавлии тоҷир дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ  воқеъ буданд, ки ҳамаи онҳо бо расму русум таҷассумгарӣ ҳамон давру замони хонадории тоҷикон ба монанди маҳалладорӣ, кандакорӣ, нақшу нигор, шоҳсутун, гулдӯзиҳои чаканӣ, кӯрпачаю болишт ва ашёҳои рӯзгор ва амсоли инҳо оро дода шуданд, диққати меҳмононро бештар ба худ ҷалб намуд.

Валӣ Набизод - котиби маркази иттилоотии МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОСипоси собиқадорони меҳнат
Scroll to Top