Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Давраи ибтидоӣ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Агар ба таърих назар афканем, асри санг қадимтарин давраи таърихии ташаккули инсоният будааст, ки воситаҳои асосии зиндагӣ  аз санг тайёр карда мешуданд. Гарчанде дар  он замони худ аз чӯб ва устухон низ истифода мешуд, вале истифодаи олоти сангӣ бар ҳама ғолиб шуморида мешуд, ки  аз он сабаб давраи санг номгузорӣ шудааст.

Бале, таърихи инсоният аз ҷиҳати сохти иқтисодӣ- иҷтимоӣ ба гурӯҳҳо тақсим шуданд, ки олимони бостоншиносон онҳоро муайян намуданд. Қобили зикр аст, ки дар ҳудуди кишвари Тоҷикистон аз давраҳои қадимтирин аз оғози таърихи инсоният, яъне тӯлонӣ дар муддати  асри санг истиқомат доштанд.

Гуфтан  ба маврид аст, ки дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, толор бо номи “Ҳаёти одамони асри санг”, ки давраи ҷамъияти ибтидоиро дар бар гирифта, тарзи макети он замон  гурӯҳи ҷамъ омада дар ғорҳо зиндагӣ кардани одамонро нишон дода шудааст. Дида метавон, ки онҳо машғули дар оташ пухтани таомҳо, тарзи истифода оташ , либоспӯшӣ ва ҷойи зист, ки хаёлоти вуҷуди инсонро ба асри санг пайваст мекунад.

Дигаре бошад, омӯхтани аслиҳа ва олоти гуногуни истеҳсолии  асри санг нишон медиҳад, ки дар давраи қадим олоти истифодаи инсони ибтидоӣ хело оддӣ ва дағал будааст.Инчунин асри санг дар ҳудуди Тоҷикистон низ омӯхта шудааст, ки олотҳои сангии давраи палеолит дар Қайроқум, водии Исфара, Истаравшану атрофҳои Шаҳристон ва дигар ҷойҳо ёфт шуданд. Дар осорхонаи таърихӣ олотҳои сангини давраи палеолит аз шаҳраки Қайроқум ва аз истгоҳи Хоҷаи ғори назди Чоркӯҳ (Исфара) ёфтшуда ба намоиш гузошта шудааст. Дар ин асри санг воқеаи муҳимтарин ихтироъ намудани асбобҳои камон ва пайкон рух додааст. Акнун ба одамони ибтидоӣ имконият пайдо шуд, ки на танҳо ҳайвонҳоро дастаҷамъона шикор кунанд, балки парандаҳоро аз масофаи нисбатан дур ба даст оваранд.

Дигаре бошад, бо пайдошудани зарфҳои сафолин давраи охирини асри санг- неолит сар мешавад.Зарфҳои  сафолин асосан се вазифаро адо мекарданд, онҳо барои таомпазӣ, таомхӯрӣ ва нигоҳ доштани захираи озуқа ба кор бурда мешуданд.  Инчунин одамони ибтидоӣ  аз навдаҳои растанӣ сабадчаҳо бофтанро ёд гирифтанд.

Ёдовар бояд шуд, ки девори толори мазкур тасвири рӯи девор ( нусхабардорӣ) ва нусхаи аслии тасвири рӯи санг кашида шудааст. Тасвирҳои рӯи девор ва санг, ки барои дарк намудани тафаккури башарияти қадим ва тасаввуроти нисбат ба муҳит пайдо кардани ӯ кӯмак мерасонад. Чунончӣ, дар қад-қади дарёи Зарафшон ва шохаҳои он, дар силсила кӯҳи Қурама, Қайроқум, Ашт ва дигар маҳаллаҳо миқдори зиёди тасвирҳои рӯи санг пайдо гардиданд.

Қобили зикр аст, ки дар осорхонаи таърихии вилояти Суғд, бозёфтҳои асри биринҷӣ, аз шаҳраки Қайроқум ёфтшуда, тухмдонаҳо, устухони ҳайвоноти хонагӣ, қолаби мураккаби аз санг сохташудаи табар баҳри тамошобинон ба намоиш гузошта шуданд.

Ҳоҷӣ Валӣ Набизод -  мутахассиси маркази иттилоотии МД МФТ “Қалъаи Хучанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОДавраи ибтидоӣ
Scroll to Top