Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Ёдгориҳо- бозгӯи осори ниёгон

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Бахшида ба Рӯзи байналмиллалии ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, меъморӣ ва фарҳангӣ  дар толори пазироии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд конфронси илмӣ таҳти унвони “Ёдгориҳо – бозгӯи осори ниёгон” баргузор гардид.

Рӯзи байналмилалии ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, меъморӣ ва фарҳангӣ 18 апрел ҷашн гирифта мешавад. Ин сана аз ҷониби Маҷмааи Шӯрои байналмилалӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳо ва ҷойҳои тамошобоби таърихӣ (ИКОМОС) назди ЮНЕСКО соли 1983 муайян карда шудааст. Ҳадафи асосии ҷашни мазкур ҷалби таваҷҷӯҳи инсоният ба ҳифзи мероси ниёгон ва мерос мондани он ба наслҳои оянда буда, аз ҷониби кормандони соҳаи ҳифзи мероси моддӣ ва ғайримоддӣ вазифаи шаҳрвандии ҳар фарди ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Бори нахуст "Рӯзи байналмилалии ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, меъморӣ ва фарҳангӣ" санаи 18 апрели соли 1984 дар мамолики дунё таҷлил карда шудааст.

Муҳаббат ба Ватани маҳбуб аз донистани таърихи пурифтихор ва гузаштаи ибратомӯзи миллат сарчашма мегирад. Воқеан таърихи қадимаи халқи тоҷик ва мероси гаронбаҳои моддиву  маънавии гузаштагон, аз ҷумла ёдгориҳои таърихӣ, бузургтарин мактаби худшиносӣ барои ҳар як фарди ҷомеа, махсусан наврасону ҷавонон аст.

Дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолият ба масъалаҳои ҳифз ва нигоҳдории объектҳои таърихӣ ва зиёратгоҳҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон диққати махсус дода мешавад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон “Қонун дар барои ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ” бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 08.02.2006 №251 қабул гардида, бо Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24.02.2006 №194 ҷонибдорӣ гардидааст. Қонун аз 35 модда ва 7 боб иборат буда, муносибатҳои ҷамъиятиро оид ба ҳифз, истифода, нигаҳдорӣ ва тарғиби объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ танзим менамояд.  

Ёдгориҳои мероси таърихию фарҳангии халқи тоҷик пайвандгари ҳаёти моддӣ ва маънавии ниёгони мо буда, дар маҷмӯъ онҳо саҳифаҳои таърихи чандҳазорсолаи ин миллати бузургро ба ҳам мепайвандад.

Боиси хурсандист, ки 11- апрели соли равон бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти муаззами кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз иншоотҳои асосии маҷмаа  “Қалъаи Хуҷанд” ҳусни ифтитоҳ бахшида, бо сиёсати хирадмандонаву созандаи Пешвои миллат эҳё гардидани ҳунарҳои мардумӣ ба мо имконият медиҳад, ки таъриху фарҳанги миллати куҳанбунёди миллати тоҷикро ба оламиён муаррифӣ намоем. Ин иншооти мӯҳташами таърихиро ки ҳамчун рамзи мардонагиву диловарӣ ва хештаншиносиву ватандӯстии тоҷикон ном бароварда дар ҳифзи озодӣ ва ҳаёти осоиштаи мардуми ин қаламрав ҳамчун истеҳкоми боэътимод нақши муосир бозидааст.

Дар конфронси имрӯза аъзоёни Шӯрои илмии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров факултети таърих ва ҳуқуқ, намояндагони муассисаҳои Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сарварони осорхонаҳои шаҳру навоҳии вилоят, котибони масъули бахши ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва меъмории навоҳии вилоят, донишҷӯ-таҷрибаомӯзони факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, намояндагони воситаҳои ахбори умум ва кормандони МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” иштирок доштанд.

Сайфиева Шарифа - мудири шӯъбаи оммавӣ - фарҳангӣ ва робита бо ҷомеа

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОЁдгориҳо- бозгӯи осори ниёгон
Scroll to Top