Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Қалъаи Хуҷанд

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Қалъаи Хуҷанд чун шаҳодатгари бузурги таърихии асри гузаштаи халқи тоҷик ёдгории тамаддуни фарҳанги ниёгон мерос монда, барои мардуми кишвари Тоҷикистон инъикосгари ҳазорсолаи таърихии куҳандошта  ба шумор меравад.

Ёдовар шуд, ки санаи 11- апрели соли 2024, дар доираи идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, дар шаҳри Хуҷанд, Қалъаи  таърихии вилояти Суғд, баъди ба анҷом расонидани корҳои азнавсозии сохтмони ёдгориҳои меъмории иншоотҳо, ки яке аз қисматҳои Муассисаи давлатии Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” мебошад, расман ифтитоҳ гардид.

Гуфтан ба маврид аст, ки масоҳати умумии осорхонаи таърихӣ 6га-ро ташкил медиҳад, ки кушодашавии бино бо гунбази калони боҳашамати эҳёгарӣ тамаддуни қадима ва толорҳои намоишии бо ороишӣ нақшу нигори миллӣ,  ҳавлии ҳунарҳои мардумӣ ва тоҷир, чойхона, меҳмонхонаю ҳаммомхонаи миллӣ,шпангҳои кандикоршуда, фаввораҳо бо чароғони рангин, шинонидани гулу гулбуттаҳои мавсимӣ ва растаҳои фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, ки бозгӯи симои фарҳанги ниёгони асри миёнаи гузаштаро тақозо мекунад, фаъолияташро оғоз намуд.

Ҳамзамон, иншоотҳои навбунёди эҳёгашта арк-кремли ӯрдаву қасри биноҳои  меъморӣ ва таърихии сохтмон, воқеан нишондодҳои бозёфтҳои археологӣ далели он ҳастанд, ки хело қадима буда барои ҳифзу нигоҳдории он ба маданияти миллати тоҷик  муҳим мебошад, ки барои рушди ҷалби сайёҳони дохиливу хориҷӣ иқтидорӣ воқеӣ дорад, мусоидат хоҳад кард.

Ҳоҷӣ Валӣ Набизод-маркази иттилоотии МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОҚалъаи Хуҷанд
Scroll to Top