Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Дарахти бед

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Бед - яке аз авлоди дарахт ё бутта ва бедиҳо ба ҳисоб меравад, ки баргҳои соддаи яклухти пешбаргнок дорад. Бояд гуфт, ки дарахти бед рӯшноидӯст аст, вале баъзе навъҳояш дар ҷои соя ҳам месабзад.

Дарахти бед навъҳои гуногун ва тақрибан 300 намуд доранд, ки баъзеашон аз рӯи нишонаҳои зоҳириашон аз якдигар фарқ мекунанд. Асосан, ҷинсҳои дарахти бед дар Помиру Олтой, дар болооби дараи Яғноб, нишебҳои шимолии қаторкӯҳҳои Қаротеғин, Чашмгарма, Панҷ, Мурғоб ва гирду атрофи кӯли Сарез паҳн шудаааст.

Бояд гуфт, ки дарахти бед аз қаламча ва навда, баъзан аз тухмаш низ зиёд карда мешавад. Дар замонҳои пеш дар ҳар маҳаллаҷойҳо ҳавз мавҷуд буд, ки дар гирду атрофи он дарахти сиёҳбед мешинониданд. Бояд гуфт, ки чунин намуди дарахти сиёҳбед дар гирду атрофи ҳавзи рамзии Чорбоғи Хона-музейи Камоли Хуҷандии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” шинонида шудааст. Дар мавсими фасли тобистон хело нашъу намо ва муҳити гирду атрофро бо ҳавои форамаш салқин мекунад.

Гуфтан ҷоиз аст, ки дарахти бед низ самар дорад, ки одатан аз ҷониби боғбонон  барои хубтару беҳтар сабзиш ёфтан дар мавсими муайян шохаҳояшро мебуранд. Дар ин раванди шохбурии боғбонон аз фурсати бедоршавии табиат истифода бурда шохаҳои дарахтони бедро пӯсткан намуда ба тартиб дароварданд. Қобили зикр аст, ки боғбонони ботаҷриба шохаҳои дарози дарахти бедро бо  мақсади сарфакорона, чун масолеҳи сохтмони барои азнавсозии майдончаҳои парвариши ангурзор истифода мебаранд, ки барои ҳосилхез гардидани ангурзор мусоидат мекунад.

Ҳоҷӣ Валӣ Набизод - маркази иттилоотии МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОДарахти бед
Scroll to Top