Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Китобхона - махзани маърифат

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Агар ба фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ назар афканем, калимаи “китоб” аз забони арабӣ гирифта шуда, маънои варақаҳои таълифии дастнавис ё чопӣ, ки ҷилд шудааст, ифода менамояд.

Дар асл, китоб навиштаҷоти варақаҳои ҷилдшуда воситаи интишоргардонӣ ва нигоҳдории маълумот, ғоя, фикр ва дониш мебошад ва нигоҳ доштани  китоб ба китобхона вобастагӣ дорад. Бояд гуфт, ки таърихи пайдоиши китоб ба тараққиёти хат, забон, адабиёт, санъат, техника ва илм алоқамандии зич дорад. Дар замонҳои қадим рӯйи санг, чӯб, сафол, баргҳои дарахт, устухонҳо ва ғайра аз мардум дастхатҳо боқӣ монданд, ки ба китоб мансубият доранд. Албатта, китоб дар ҷаҳон аз ҳама баландғоя пешқадамтарин буда, инсониятро ба илму дониш мусаллаҳ менамояд ва ба манфиати ҷамъият хизмат мекунад. Китоб ин бузургтарин маъхази гаронбаҳоест, ки он бояд ҳамеша қадру қимати худро дошта бошад. Дар китоб ҳама асрори таърихии тамаддуни башарият, саҳифаҳои кишвари нотакрори илму дониш, фарҳангу маданият, муоширату суханронӣ дарҷ гардидааст. Бале, китоб неъмати бебаҳо, нерӯи бузурги рушди зеҳнии инсонӣ, роҳбалади давру замон, шиносномаи забони миллат ва зинда нигоҳдорандаи таърихӣ гузашта ва ояндаи насли башар мебошад.

Китоб натанҳо сарчашмаи илму дониш, балки воситаи муҳимми тарбияи маънавии инсон аст. Бояд донист, ки касе бо худ ба хона китоб меорад, донад ки донишмандеро бо худ овардааст, ки ҷуз китоб дар ҷаҳон чизе ҳамрадиф шуда наметавонад.

Мусаллам аст, ки дар  Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, китобхонаи илмӣ фаъолият мекунад, ки миқдори китобҳои он ба 6700 адад мерасад. Инчунин, ҳамасола аз тарафи Муассиса баҳри ғанӣ гардонидани китобхона маблағ барои харидории китобҳои тозанашр маблағ ҷудо мегардад. Ин тадбири нек ба ҳамаи китобдӯстон барои бештар афзун намудани донишу маърифат равона гардида, дар китобхонаи муассиса шароити хело мусоид фароҳам оварда шудааст. Дар баробари ин барои  фаъолияти хизматрасони дафтари қайд ташкил карда шудааст, ки метавон аз он истифода бурд. Китобдор ба таври доимӣ китобҳои заруриро пешкаши хонанда мекунад.

Мавриди зикр аст, ки барои сайқал бахшидани устуворӣ ва рушди илму фарҳангӣ тамаддуни таърихӣ миллат дар муассиса, ки аксарияти кормандон аз сафи ҷавонони болаёқат ва ояндасози миллат кору фаъолият ва аз китоб истифода мебаранд. Дар ин раванд,  мутахассисони соҳаи шабакаи интернетӣ, ки дар бинои навбунёди  Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, дар моҳҳои наздик китобхонаи электронӣ пайваст мекунанд, ки тавассути он рӯинамоии китобҳои тозанашр аз шакли муқаррарӣ  ба электронӣ табдил хоҳад  ёфт, ки фаъолияти китобхонаро дучанд мегардонад ва беҳуда нагуфтаанд, ки “Китобхона - махзани маърифат”аст.

Ҳоҷӣ Валӣ Набизод - маркази иттилооти МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОКитобхона - махзани маърифат
Scroll to Top