Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Осорхона - оинаи миллат

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дар замони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба осорхонаи таърихӣ, чун макони ҳифз ва муаррифии фарҳангии миллӣ қарор дорад. Зеро осорхона ба воситаи ёдгориҳои таърихии худ метавонад ба ҳиссиёти тамошобин таъсир гузошта, шахсро ба руҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, арҷгузори ба арзишҳои миллӣ ва дарки олами нафосат тарбият менамояд. Бояд гуфт, ки дар осорхонаи таърихӣ тамоми кулли ёдгориҳои таърихиву фарҳангии миллати тоҷик, ки инъикосгари давраҳои гуногуни таърихию фарҳангии ҷомеа баҳри тамошобин маҳфуз нигоҳ дошта мешавад.

Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии ”Қалъаи Хуҷанд”, дорои  Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомоти шаҳри Хуҷанд ба номи академик Нугмон Неъматов, Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ, Мақбараи рамзии Хоҷа – Камоли Хуҷандӣ ва Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ мебошад. Аҳли ҷомеаи меҳнатии муассиса баҳри рушду нумуъи таъриху фарҳанг ва ба мардуми кишвари азиз содиқона хизмат намуда истоданд.

Бояд гуфт, ки дар муассиса тибқи нақша-чорабинӣ панҷ ҷаласаи Шӯрои илмии осорхонаи таърихӣ баргузор гардид, ки нақшаи фаъолият, сенарияи вохӯрӣ ва конфронси илмӣ, мақолаҳои илмӣ барои нашрияи навбатии ”Ахбори илмии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд” баррасӣ гардид. Барои ғанӣ гардонидани  хазинаи осорхона аз ҷониби шаҳрвандон ба миқдори 276 адад ашёҳои таърихӣ, фарҳангӣ, сиккаҳои гуногуни тамғаи таърихӣ, маводҳои замони муосир ҷамъоварӣ карда шуданд.

Дар асл, миқдори умумии нигораҳои фонди осорхона 22628 адад,  дар маҷмуъ экспонатҳо ва нигораҳои фонди асосӣ 17194 ададро ташкил дода, 5434 адад фонди ёрирасонро дарбар мегирад. Аз тарафи кормандони илмӣ барои ҷиҳозонидани толорҳои намоишии ҳавлиҳои навбунёдшудаи  “Қалъаи Хуҷанд” ба миқдори 584 адад ашёҳои таърихӣ омода карда шуданд.

Дар муассисаи мазкур дар давоми  фаъолияти меҳнатӣ, чанд чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ гузаронида шуданд. Бахшида ба 30-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ бо иштироки афсарону сарбозони қисми ҳарбии 3501-и ВКД ҶТ ва қисми ҳарбии 0235-и ҚДАМ ҶТ дар вилояти Суғд, таҳти унвони “Артиши миллӣ-сипари боэътимоди Ватан” ҷашн гирифта шуд. Инчунин, бахшида ба ҷашни “Рӯзи модар” конфроси илмӣ, таҳти унвони “Зан-модар олиҳаи нуру зиё” баргузор гардид.

Намоиш, бахшида ба ҷашни байналмилаллии ҷашни Наврӯзи оламафрӯз, дар толори Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, гӯшаи намоишии таҳти унвони “Наврӯз-эҳёгари анъанаҳои миллӣ” ташкил ва дастурхони наврӯзӣ бо “Ҳафт син”-у “Ҳафт шин” ороста шуд. 

Дигаре,  фестивал-озмуни вилояти Суғд, таҳти унвони “Сад ранги чакан” дар мавзеи ҳудуди Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ намоиш ташкил карда шуд. Бахшида ба 78- солагии Рӯзи Ғалаба ва 100-солагии иштирокчии ҶБВ, дорандаи III- дараҷаи ордени шараф ҷанговар-марҳум Пӯлод Атаев, таҳти унвони “Номи қаҳрамонон ҳамеша ҷовидон аст” чорабинӣ гузаронида, аз ҷониби Консулгари генералии Федератсияи Русия дар вилояти Суғд, дар ҳудуди боғи фарҳангӣ намоиши гузоштани лавозимотҳои ҳарбӣ ва ошхонаи саҳроӣ ( полевая кухня)  бо пухтани таоми шӯлаи марҷумак (каша гречная) баҳри ҳаводорону меҳмонон пешкаш карда шуд.

Сафари расмии гуруҳи эҷодии телевизиони “НТВ”-и Федератсияи Русия бо сарварии барандаи телевизион Федерико Арнальди таҳти барномаи “Равем, бихӯрем”( Поедем, поедим) дар шаҳри Хуҷанд аз МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” барномаи ҷаддид омода намуд.

Бахшида ба “Рӯзи байналмиллалии осорхонаҳо” маъракаи “Шабе дар осорхона” баргузор гардид.

Ба ифтихори “Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи кӯдакон” дар боғи фарҳангӣ бо ташаббуси ширкати ҶДММ “Фаровон-1”, Бонки Имон Интернешнл  ва Ташкилоти ҷамъиятии “Манбаи меҳр”, барои кӯдакони имконияташон маҳдуд, барномаи идона бо аксияи хайриявӣ, саҳначаҳои ҳаҷвӣ, шоу-консерт, лаҳзаҳои расмкашӣ ва бозиҳои шавқовар  ташкил карда шуд. Дар Хона-музейи ба номи Камоли Хуҷандӣ, чорабинии озмуни вилоятӣ, таҳти унвони “Ҳунар беҳ аз симу зар бувад” ва “Ҳунар омӯз” бо иштироки ҳунармандони мардумӣ маҳсулоти омодашуда ба намоиш гузошта шуда буд.

Бахшида ба 32-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти унвони “Истиқлол- рамзи ватану ватандорӣ” ва  “Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” гӯшаи намоишӣ ташкил карда шуд.

Конфронси илмӣ, бахшида ба 31-умин солгарди Иҷлосияи XVI- Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти унвони “Иҷлосияи тақдирсози миллат” баргузор гардид.

Бо ташаббуси Бренди ҳунармании MUNIR ва Ассотсиатсияи тараққиёти сайёҳии “Зарафшон” дар вилояти Суғд, бо ҳамкории МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”, таҳти унвони “HUNAR-MARET”, намоиши фурӯши маҳсулотҳои ҳунармандӣ  гузошта шуда буданд.

Бояд гуфт, ки ҷиҳати ба роҳ мондани корҳои илмӣ - тадқиқотӣ  аз тарафи ходими ҷавони илмии шуъбаи таърих Маҳмудов Нурулло ва бо ҳамроҳии олими ҷавони кишвари Британияи Кабир мистер Искандар Динг барои аз наздик шинос шудан ва омӯхтани забони яғнобӣ ба ҷамоати Ҳамзаи ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд сафари хизматӣ намуданд. Мақсади ҳамкорӣ ин аст, ки  ҷамъоварӣ намудани ҳуҷҷатҳою дискети лаҳҷаҳои забони яғнобӣ ва дар оянда сохтани пояи матни забони яғнобӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамзамон, бо шарофати  замони истиқлол Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо равобити дипломатӣ бо ҷаҳони хориҷӣ барқарор сохт, балки  эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ ба комёбиҳои назаррас ноил гардид.

Даҳҳо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмиллалӣ дар Тоҷикистон намояндагии худро боз намуданд, ки баҳри таҳкиму густариши ҳамкориҳо муваффақона фаъолият доранд. Гузашта аз ин қобили қайд аст, ки нахуст ташрифи  меҳмонони олиқадри  ватаниву хориҷӣ аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ, мақбараи рамзии Хоҷа Камоли Хуҷандӣ ва Хона- музейи Камоли Хуҷандӣ, сафирону намояндагони дипломатӣ аз кишварҳои Федератсия Русия, Фаронса, Британияи Кабир, Украина, Кореяи Ҷанубӣ, Амрико, Эрон, Белорус, Олмон ва ғ. дидан намуданд.

Боиси зикр аст, ки соли равон дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе, давраи  озмуни фестивали Ҷумҳуриявии “Сайри гули лола” ва маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибон ҷамъбаст гардид. Дар ин озмун номинатсияи “Гулпарвари беҳтарин”- Шодибеков  Абдусалом, директори Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ бо дипломи дараҷаи II-юм сарфароз гардонида шуд.

Инчунин, дар озмуни ҷумҳуриявии осорхонаҳо аз тарафи Вазорати фарҳангӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, таҳти унвони “Оинаи таърих” аз рӯйи номинатсияи “Беҳтарин хона музей”, бахшида ба Рӯзи байналмиллалии осорхонаҳо ҷамъбаст гардид, ки Хона- музейи Камоли Хуҷандӣ сазовори ҷойи аввал гардид.

Бо ташаббуси ширкати ҶДММ “Сайёҳати кӯҳҳои Тоҷикистон” дар ҳудуди Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ баргузории марафони варзиши сабук бо иштироки варзишгарони хориҷӣ аз кишварҳои  Фарансо, Лаҳистон, Амрико, Олмон, Канада, Қатар, Холланд, Шветсария,  Авсралия, Арабистони Саудӣ ва Дания  баргузор гардид. Инчунин бахшида ба Рӯзи конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, мусобиқа оид ба бокс барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд баргузор гардид, ки аз кишвари Федератсияи Русия чемпионҳои номдори касбии ҷаҳон оид ба бокс Денис Лебедев ва Руслан Проводников, чун меҳмони фахрӣ даъват шуда буданд, ки дар бахши фарҳангӣ аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд дидан намуданд.

Албатта, қайд кардан ба маврид аст, ки теъдоди тамошобинон дар ҳамин сол ба 44675 нафар расидааст, ки аз ин миқдор 13655 нафар тариқи ройгон дидан намуданд. Бале, сол аз сол теъдоди тамошобинон афзуда истодааст, ки миқдори тамошобинон аз хориҷӣ кишвар 4976 нафарро ташкил дод.

Қобили зикр аст, ки оид ба фаъолияти Маркази иттилооти муассисаи мазкур бо мақсади баланд бардоштани сатҳи иттилоот ғанӣ гардонидани фазои иттилоои масоили мубрами сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии рӯзафзуни меҳмонон, сайёҳони ватаниву хориҷӣ равона гардидааст. Ба ин хотир, дар ҷамъбасти соли 2023 ба саҳифаҳои маҷаллаю рӯзномаҳои маҳалливу ҷумҳуриявӣ нашри 35 номгӯи мақолаҳои ҷадид ба чоп расиданд. Инчунин, мақолаҳои илмӣ 44 номгӯи гуногун ва зиёда аз 400 адад мақолаҳо дар сайти “Қалъаи Хуҷанд”, пешкаши хонандагон гардид. Ҳамчунин шумораи нашри навбатии “Ахбори осорхонаи таърихии вилояти Суғд”-№ 7, дастурамали методӣ барои толибилмон меридианаи сифри бо номи ”Тарафҳои олам” ва китоби тозанашр “Қалъаи ман” аз чоп баромад.

Баҳри иҷроиши барномаи нақшаи “Обуна-2024” ба 32 номгӯ рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ обуна гардид. Барои ғанӣ гардонидани шуъбаи китобхона ба миқдори зиёда аз 40 адад аз мағозаи “Ганҷина”, китобҳои тозанашр  харидорӣ карда шуданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ, ки яке аз мавзеъи истироҳати  тамошобинону сайёҳон ба шумор меравад, баҳри ободонии муҳити зист зиёда аз 35 ҳазору 200 дона пиёзакҳои гули лола, 5 ҳазору 300 бех гулкарам, 3500 бех чамангул( хризантема) ва инчунин зиёда аз 248 ҳазору 300 дона гулҳои рангоранги мавсимӣ шинонида шуданд. Чорабинии шохбурӣ  ба шаклдарории дарахтон, буридани навдаҳои токи чорбоғӣ Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ, ки барои мунтазами сабзиш, рушди баланд бардоштани сифат  ва барои дарозумрии дарахтон муосидат мекунад, аз ҷониби боғдорон ба анҷом расонида шуд.

Бояд гуфт, ки аҳли кормандони муассисаи мазкур аз имкониятҳои захиравӣ  дар пешбурди фаъолияти меҳнатӣ истифода бурда, ёдгориҳои таърихӣ миллати тоҷикро муаррифӣ менамоянд, чунки осорхона - оинаи миллат аст.

 Ҳоҷӣ Валӣ Набизод - маркази иттилоотии

 МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд”

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲООсорхона - оинаи миллат
Scroll to Top