Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Нақши ислимӣ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Ислимӣ - навъи нақшест дар санъати ороиши амалӣ ва меъморӣ. Ислимӣ бештар дар ороишоти меъморӣ, гулпартоӣ, кандакорӣ, кашидадӯзӣ, бофандагӣ ва ғайра маъмул буда, навъҳои мухталифи нақши наботӣ (гул, дарахт, шоха, бутта, банд)- ро дар гаҷ, чӯб, матоъ инъикос менамояд. Ин нақш да амали устоҳо ва ҳунармандони тоҷик аз замонҳои қадим пайдо шуда, дар байни бохтариён ва суғдиён намудҳои гуногуни он (барг, себарга, ҳошия ва ғайра) маъмул буд. Намудҳои олии он дар осори таърию фарҳангии Тахти Ҷамшед, Марву Нисо, Балху Бухорою Самарқанд, Ҳулбуку Тахти Сангин, Дилварз, Истаравшану Панҷакент ва ғайра инъикос ёфтаанд. Ин анъана дар давраи ислом, хусусан дар меъморӣ (ороиш ва нақшунигори мадрасаҳо) хеле инкишоф ёфт. Ислимӣ минбаъд дар кандакорӣ, меъморӣ ва дигар намуди санъати ороишӣ шаклу намудҳои навро соҳи шуд, ки то имрӯз нақшҳои содаву мураккаби лоламадохил, гули ҳамешабаҳор, гули савсан, гули хайрӣ, норгул, тоҷи хурӯс, Ислими якрафтор, Ислими дурафтор, Ислими серафтор (кӯштаноб), гули бодом, қаланфур, банд, барг, марғула, шоҳбарг, пари товус, китеба, турунҷ ва ғайра омада расидаанд. Ин намудҳои Ислими дар амали ҳунармандони Бухорову Самарқанд, ноҳияҳои шимол ва дигар ноҳияҳои Тоҷикистон ҷойи намоён дошта, ба анъана, урфу одат ва маросимҳои халқӣ алоқаманданд. Истифодаи маҷмӯи нақшҳои мураккаб ва риояи таносуб дар усулҳои мукаммали Ислимӣ (Ислимии рӯ ба рӯ, ноканда, гулҳои ситоранамо ва ғайра) боиси ба миён омадани нақшҳои ҳандасӣ низ гардидааст. Дар навъҳои дигари Ислимӣ – ҳошия аз бандҳо (танобҳо) иборат буда, миқдори бандҳо аз 1 то 5 мерасад.

Масалан, Ислимии якрафтор аз як, дурафтор (ҷуфттаноб ё қӯштаноб ҳам гӯянд) аз ду, серафтор (дар амалияи ҳунари косибии имрӯза кам истифода мешавад) аз се банд иборат буда, алалхусус дар санъати меъморию ороиши амалии асрҳои 19-20 ривоҷ ёфтааст.

 Бо мақсади инъикоси фарҳанги оиладорӣ башри тамошобинони дихилу хориҷ дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд дар мавзӯи  “Маданият, илм ва адабиёти асри ХIХ ва ибтидои асри ХХ ” яке аз намунаҳои хонаи миллии мардуми Хуҷандшаҳр ҷой дода шудааст, ки аз санъати баланду нотакрори ҳунари меъморӣ, гаҷкорӣ, наққошӣ ва кандакории халқи тоҷик шаҳодат медиҳад.

Наққошӣ - ин худ ҳунари офаридани нақш, маҳсули эҷодии санъаткорони халқӣ ва касбӣ, яке аз навъҳои қадимаи ороишӣ-амалӣ мебошад. Наққошон болорҳоро бо нақшҳои зебо, бештар ислимӣ зиннат медоданд, ин намуди наққоширо метавон дар Хона - музейи Камоли Хуҷандӣ ва дар хонаи миллии осорхона мушоҳида кард, ки бисёр зебо оро ёфтааст.

Сайфиева Шарифахон - мудири шӯъбаи оммави – фарҳангӣ

ва робита бо ҷомеа  

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОНақши ислимӣ
Scroll to Top