Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Муҳити гуворо

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Имрӯзҳо мавсими фасли зимистон бо сардиву бодҳои тундаш табиатро ҳукмронӣ мекунад. Новобаста аз нозукиҳои табиат дар Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, ҷиҳати ободу зебо гардонидан ва тоза нигоҳ доштани Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ, рӯбучини гирду атрофи даромадгоҳ, роҳравҳо ва қитъаҳои вобасташуда, қайчӣ ва шохбур намудани дарахтону гулбуттаҳо ва хасу баргҳои рехташуда баровардани партовҳо ҳашари умумӣ гузаронида шуд. Инчунин, болотеппаҳои қалъаи бузург аз алафу дарахтони худрӯй тоза ва ба тартиб дароварда шуд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар маъракаи ободонӣ новобаста аз сардии  ҳаво кормандон дастаҷамъона иштирок намуданд.

Лозим ба зикр аст, ки дар муассисаи мазкур нақша-чорабинӣ, оид ба гузаронидани ҳашар - ободонӣ ба тавсиб расидааст. Аҳли  кормандон  пайваста аз рӯзҳои муътадили боду ҳаво истифода бурда,  ҷиҳати анҷом додани корҳои ободонӣ, ки муҳити гуворо аст, тозаву озода нигоҳ доштани гирду атрофи боғи истироҳатӣ саҳмгузорӣ менамоянд.

Ҳоҷӣ Валӣ Набизод - маркази иттилооти

МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОМуҳити гуворо
Scroll to Top