Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Ҷома - либоси маъмулии мардуми тоҷик

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Либоси миллӣ муаррифгари ҳар як халқу давлати этникии миллатпарвар мебошад. Эҳтиром ба либоси миллӣ ва расидан ба қадри арзишҳои миллии ниёгон ифодагари саҳми миллат дар тамаддуни ҳар як кишвар аст.

Либоси миллӣ як ҷузъи фарҳанги тоҷик ба шумор рафта, ёдгорию меъросе аз аҷдодонамон аст, ки тӯли қарнҳо шинамию зебандагиашро гум накардааст.

Ҳамасола аз шаҳрвандони вилояти Суғд баҳри ғанигардонии маъхази Осорхона таърихии МД МФТ “ Қалъаи Хуҷанд”  ашёҳои таърихию фарҳангӣ ҷамъоварӣ ва харидорӣ карда мешавад. Дар ҷаласаи навбатӣ низ кормандони илмии Осорхона якчанд ашёҳои таърихӣ, либосҳои занона, ҷомаҳои мардонаи зирагию беқасабро харидорӣ намуданд.

Ҳоло мехостем, оиди таърих ва намуди ҷомаҳо маълумот диҳем.

Ҷома бо чанд ҷиҳаташ аз либосҳои дигари мо бартарӣ дорад. Нахуст, бо сабукию шинамӣ ва суфтагиаш, ки ба тан осудагию роҳат мебахшад. Дуюм, бо нармию гармиаш, ки метавонад ҷисми одамро хуб пӯшонаду аз хунукию сардӣ ҳифз намояд. Сеюм, бо безарарию беозорӣ ва тозагиаш, ки аз маҳсулоти пахтагӣ омода шудааст.

Ҷома ба рӯзгори мо хеле пештар аз ин рӯзҳо ворид гардида, чун либоси маъмулии мардум  дар хонадони тоҷик роҳ ёфтааст. Ин аст, ки гузаштагони мо ба ин либос арҷи баланд гузоштаанд. Ҷома дар дарбори шоҳону амирон низ аз либосҳои хос ва беҳтарин буд. Онро аз надимони оддӣ то вазирон, ашрофу ашрофзодагон ҳама ба бар мекарданд.

Ҷомаҳо аз ҷиҳати намуд якчанд хел мешаванд: ҷомаи мӯнисак, кимхоб, кундал, бахмал, зардӯзӣ, зирагӣ, беқасаб, адрасу атлас ва ғайраҳо.

Ҷомаи беқасабе, ки  мо  ба осорхона харидорӣ намудем,  аз матои нимабрешимӣ бо рахҳои амудии васею борики пай дар пай, ки рангҳои бунафш, сабз, сафед, сурх дорад, дӯхта шудааст. Астари ҷома  чити рангаш кабуди нақшаш майдаи қаламфурро дорад. Он ҷомаи пахтагин буда, дар гирди остин ва доманаш шероза дӯхта шудааст. Аз тарафи чапу рост кӯсак дорад.

Ҷомаи дигар аз матои зирагии рах-рахи рангаш кабуди баланд дӯхта шудааст. Астари ҷома аз матои чити гулаш хурд иборат мебошад. Ҷома гирдогирди шероза дошта, лаганда карда шудааст. Ҷома пахтагин мебошад.

Имрӯз ҳам маҳбубияти ҷома миёни тоҷикон коста нагардидааст. Дӯхти ҷома хеле такмил ёфта, ҳунармандон навъҳои гуногунашро бо тарҳу намуди замонавӣ ба вуҷуд овардаанд.

Ҳунар ва зебоипарастӣ фақат самараи нек меоварад. Аз ин лиҳоз, мо кормандони илмии осорхона кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки намунаҳои қадимаи либосҳои миллии ниёгонамонро ҷамъоварӣ намоем.

 Хоҷаева М – мудири шӯъбаи таърихи

давраи муосири МДМФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОҶома - либоси маъмулии мардуми тоҷик
Scroll to Top