Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Мақбараи Хоҷа Муҳаммади Башоро

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Шаҳри бостонии Панҷакент бо табиати зебову дилкаши худ макони сайру саёҳати сайёҳони хориҷиву ватани қарор гирифтааст. Аз ин рӯ, сайёҳони зиёде ба сайру сайёҳати мавзеъҳои таърихии ин шаҳри биҳиштосо омада, аз таъриху тамаддуни мардуми ин минтақа дидан менамоянд.

Дар хақиқат, шаҳри бостонии  Панҷакент натанҳо бо иморатҳои таърихиву бостонии худ маъруфият дорад, балки фарзандони шуҷову далер, оқилу орифро ба дунё  овардааст, ки ҳар яке номбардори меҳани хешанд.

Қаҳрамонию ҷасорати Деваштич, шеърҳои маликуушшуаро Абӯабдуллохи Рӯдакӣ, ғазалхои беназири Лоиқу Гулназар ва яке аз бузургтарин ровии ҳадиси набавӣ ва каломи илохӣ Мухаммад Башоро диққати мардуми минтақахои гуногунро ба макони тамаддунофар ҷалб менамояд. Яке аз чунин шахсони бузург Хоҷа Муҳаммади Башоро мебошад.

Муҳаммад Башоро дар замони хилофати Аббосиён, ки халифаи он Муҳаммад Маҳдӣ, падари Ҳорунаррашид буд, ба дунё омадааст.

Муҳаммад Башоро яке аз бузургтарин муҳаддисон ва муфассирони каломи Илохӣ мебошад. Замони зиндагии эшон ба солхои 782-866 рост меояд.

Ҳоҷа Муҳаммади Башоро яке аз боэътимодтарин ровиёни ҳадис ба ҳисоб меравад. Ӯ аз ҷумлаи нӯҳ шайхи ҳадисест, ки муаллифони "Сиҳоҳи шашгона" дар муснадҳояшон аз онҳо ҳадис ривоят кардаанд.

Муҳаммад Башоро дар синни 85 солагӣ моҳи раҷаби 252/866 мелодӣ вафот кардааст.

Дар толори таъриху тамаддуни тоҷикон расми мақбараи Ҳоҷа Муҳаммади Башоро оварда шудааст. Ёдгории меъмории Мақбараи Муҳаммад Башоро таърихи 1100-сола дошта, дар ду давра сохта шудааст. Дар асри Х-ХII  қисми мураббаъшакли бино бо хонаҳо бунёд карда шудааст,  солхои 1342-1343 даромадгоҳи калони пештоқдор бо сафоли сирдори ранга кандакорӣ карда шудааст. Ороиши асосии тарафҳои чап ва рости даромадгоҳи калони пештоқдор бо сафоли сирдори ранга кандакорӣ карда шудааст. Ороиши асосии тарафҳои чап ва рости даромадгоҳи калони пештоқро кошинкории гилнок дар шакли секунҷае, ки он ба тарзи кандакории ҳандасӣ бофта шудааст, зебу зиннат медиҳад. Рӯи он бо нигораҳои гилин дар шакли растанӣ ва ҳуруфоти арабӣ пӯшида шудааст. Ду тарафи кунҷиҳои калони пештоқро сутунҳои аз лой сохташуда ороиш медиҳанд, ки онҳо бо кандакории махсус хаттотӣ шудаанд.

Яке аз қисмҳои ҷолиби диққати даромадгоҳ ороиш бо ҳуруфҳои арабӣ мебошад, ки аз тарафи рост сар шуда, бо  тарафи чап поён меёбад.

Дар охири навиштаҷот санаи сохтмони оромгоҳ соли 743-хиҷрӣ (солҳои 1342-1343) сабт гардида, бо мисраи зерин ба анҷом мерасад:

    Хар ки аз мо кунад ба некӣ ёд,

    Номаш андар шумори некон бод.

Бояд зикр намуд, ки оромгоҳи Муҳаммади Башоро дар ҷониби шарқии рустои Мазори Шарифи шаҳри Панҷакент воқеъ буда, ривоят мекунанд, ки номи деҳа низ ба ифтихори мақбараи Хоҷа Муҳаммади Башоро Мазори Шариф ном гирифтааст.

Холматов Азизбек – роҳбалади осорхона   

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОМақбараи Хоҷа Муҳаммади Башоро
Scroll to Top