Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Сайри олами кӯдакон

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Кӯдакони имконияташон маҳдуд дар муҳити оила ва муассисаҳои томактабӣ таълим мегиранд. Ба ин хотир дар муассисаҳои томактабӣ вобаста ба синну соли гуногун кӯдакони имконияташон маҳдуд аз ҷониби мураббиёни ботаҷриба ёрии методӣ ва корҳои тарбиявӣ гузаронида мешавад.

Дар ин раванди хизматрасонии иҷтимои ба кӯдакони имконияташон маҳдуд бо роҳбари ташкилоти ҷамъиятии ”Мақсад”-и ноҳияи Деваштич ва “Мадад”-и ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд, Абдусаматова М, тариқи ройгон аз Осорхонаи таърихии Муассисаи давлатии ”Маҷмааи фарҳангию таърихии”Қалъаи Хуҷанд” дидан намуданд. Сайри олами кӯдакон бо роҳбалади осорхона Юлдошева Умеда, ки бо як завқи беандоза аз ёдгориҳои таърихию фарҳанги замони гузашта сайри илмӣ гузарониданд, шиносоӣ пайдо намуданд.

Бояд гуфт, аз ҷониби мураббиёни маркази хизматрасонии иҷтимои Овлоқулов Назирҷон ва Бобокалонова Раъно барои кӯдакони имконияташон маҳдуд бо ҳамроҳии волидайн дар Боғӣ фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ, бозиҳои серҳаракат барои инкишофи ақлию зеҳнӣ, маҳфилҳои тарбиявӣ гузарониданд, ки ба кӯдакон илҳоми тозае бахшид.

Албатта, дар ҳолати сайру гашт, омӯхтан ба кӯдакони маъюб имконият фаро меорад, ки ба худ ғизои маънавӣ гиранд. Умедворем, ки дар оянда кӯдакони нозанин мисли  наврасону ҷавонон ба воя расида ба халқу ватани хеш хизмат хоҳанд кард.

Ҳоҷӣ Валӣ Набизод - Маркази иттилооти МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОСайри олами кӯдакон
Scroll to Top