Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Ҷашни Истиқлол муборак!

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Аҳли ҷомеаи меҳнатии Муассисаи давлатии ”Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” бо арзу эҳтироми беназир мардуми шарифи Тоҷикистони азизро ба муносибати 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод менамояд. Ба ҳамагон пеш аз ҳама тансиҳатӣ, рӯзгори обод, файзу баракат ва иқболи баландро орзу менамоем. Ин иди бузурги миллат, иди муборак ва иди рамзи озодӣ ва қудрат аст. Бигзор, ҷашни муқаддаси истиқлол бар ҳар як фарди соҳибдилу озодаи кишвар саломатӣ, бахту саодат ва фатҳу кушоишҳо оварад ва ҳамеша ваҳдату ягонагӣ ҳамсафари доимии мардуми тоҷик бошад.

Бо ифтихору арҷгузорӣ аз истиқлол ҷавҳари ҳаёти имрӯзаамон бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон ва меҳнати софдилонаи халқамон ба сарзамини ободу биҳиштосо табдил ёбад ва нуфузу эътибори Ватани азизамон Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон боз ҳам баланд гардида, бузургтарин дастоварди миллатамон - Истиқлоли давлатӣ ҳамеша поянда ва ҷовидон бимонад.

Иди фархундаи Истиқлол муборак бод!

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОҶашни Истиқлол муборак!
Scroll to Top