Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Падидаи зиндагисоз аст Истиқлол (Бахшида ба 32-солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон)

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Бо ифтихору шукргузорӣ аз соҳибдавлатии миллати куҳанбунёд ва соҳибистиқлоли кишвари азизамон, ки ба шарофати он, мо имрӯзҳо ба бузургдошти таъриху фарҳанги оламшумули худ имконият фароҳам пайдо намуда, дар остонаи таҷлили санаи бузург 32 - умин солгарди Истиқололи давлатӣ, ки дастоварди муқаддастарин ва муқаддамтарини таърихи навини халқи Тоҷикистон мебошад, қарор дорем.

Ба таърих рӯй меоварем:

Иҷлосияи дуюми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистӣ Тоҷикистон, даъвати 12-ум 24-уми августи соли 1990 Эъломияи истиқлолияти ҷумҳуриро қабул намуд. Ин Эъломия аввалин ҳуҷҷате буд, ки истиқлоли давлати миллии тоҷиконро расман ба ҷаҳониён эълон намуд. Аммо ин истиқлол дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ буд, яъне ҳанӯз истиқлоли комил набуд. Бо мақсади ба даст овардани истиқлоли комил 9 сенятбри соли 1991 Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Тоҷикистон “Дар бораи истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” изҳорот қабул намуда, бо ҳамин ба истиқлоли давлатӣ асос гузошт. Баъд аз ин, Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи эълон шудани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон “ қарори махсус қабул намуд, яъне изҳороти мазкур бо қарори Шӯрои Олии ҷумҳурӣ қонунӣ гардонида шуд. 9-сенябри соли 1991 Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шудааст.       

Ин рӯз барои миллату давлат санаи таърихӣ буда, озодии миллати тоҷик маҳз аз ҳамин сана сарчашма мегирад. Давлати ҷавони мо дар ин давра ба дастовардҳои назаррас ноил шуда, имрӯз мардуми сарбаланди Тоҷикистон дар фазои сулҳу субот умр ба сар мебаранд.

Кишвари азизи мо, Тоҷикистон бо сиёсати хирадмандона,  сулҳҷуёна ва созандаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомали Раҳмон дар давоми ин солҳо дар тамоми соҳаҳо обрӯ ва эътибори баландро соҳиб  гардид.

Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарҳангро ҳастии миллат унвон кардаанд.

Аз ин рӯ, дар даврони истиқлол муносибати мардум ба фарҳанг куллан дигаргун гардида, дар партави ғамхориву дастгирии Пешвои миллат бунёди иншоотҳои муосир, эҳёи суннатҳои миллӣ, барқарорсозии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, тарғиби фарҳанги пурғановати миллӣ дар кишварҳои хориҷӣ тавассути баргузории чорабиниҳои байналмиллалӣ, рӯзҳои фарҳангӣ ва сафарҳои ҳунарӣ, ҳамзамон тайёр намудани мутахассисони ҷавон ва муҳайё сохтани заминаҳои моддии рушди самтҳои гуногуни фарҳанг ба вуқӯъ пайваст, ки падидаҳои зиндагисози замони Истиқлол мебошанд.

Бояд тазаккур дод, ки нақши аҳли фарҳанг дар ғанӣ гардонидани фазои фарҳангии мамлакат, ҳиссагузорӣ дар ободонии Ватан, муттаҳиду сафарбар намудани қишрҳои мухталифи ҷомеа назарас буда, дар баланд бардоштани рӯҳияи худшиносиву худогоҳии миллии ҳамватанон, инчунин мустаҳкам гардидани нуфузу эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири густурда дорад.

Маҳз Истиқлол баҳри эҳёи суннатҳои мардумӣ заминаҳои мусоид фароҳам оварда, дар ин радиф, расман ба Феҳристи ЮНЕСКО оид ба мероси фарҳанги ғайримоддӣ ворид гардидани унсурҳои мероси миллии тоҷикон, ки бо иқдом ва ташаббуси Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардидааст, мақому манзалати миллати моро дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам боло бурд.

Дар ин давра бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қатъномаи махсуси Созмони Миллали Муттаҳид қадимтарин ҷашни аҷдодиамон – Наврӯзи Аҷам мақоми байналмиллалиро соҳиб гардида, мусиқии классикии Шашмақом ва Фалак ҳамчун шоҳкории мероси шифоҳӣ ва ғайримоддии инсоният ва қуллаи баландтарини мусиқии суннатии тоҷикон эътироф гардида, таҷлили ҳамасолаи Наврӯз, Меҳргон, Рӯзи Шашмақом, Рӯзи Фалак, Рӯзи зиёиён, Рӯзи кормандони фарҳанг, Рӯзи китоб, Рӯзи забон, ҳамзамон баргузории озмунҳои “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”,”Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат” ва амсоли инҳо ба ҳукми анъана даромад.

Бо назардошти тақозои даврони соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон иншоотҳои таъиноти фарҳангии нав бунёд ва ба истифода дода шудаанд ва шуда истодаанд: ба монанди “Осорхонаи ҷумҳуриявӣ ба номи академик Б.Ғафуров”, “Осорхонаи таърихии вилояти Суғд”, ”Осорхонаи миллии ҷумҳурии Тоҷикистон”. Бунёди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, ”Кохи фарҳангӣ”-и ноҳияи Ашт, Муҷассама ва мақбараи Нақибхон Туғрал, “Қасри фарҳанг” дар ноҳияи Айнӣ, “Кохи Суғдиён”, ”Маҷмааи таърихӣ – фарҳангии Истиқлол” дар шаҳри Хуҷанд ва амсоли ин пардохтанд, ки тадбиқи дурусту воқеии ин сиёсат ба ҳисоб меравад. Дар  ин муддат таҷлил намудани “Соли тамаддуни ориёӣ”, “Соли бузургдошти Имоми Аъзам”, “2700-солагии шаҳри Кӯлоб”, “2500- солагии Истаравшан”, 100-солагии Б.Ғафуров, инчунин ба рӯйхати ҷашнвораҳои ЮНЕСКО ворид намудан ва ҷашн гирифтани “1150-солагии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ” ва “100-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода”, “100-солагии композитор Зиёдулло Шаҳидӣ”, “600-солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ”, “3000-солагии Ҳисор”, “700-солагии Мир Саид Алии Ҳамадонӣ” ва “5500-солагии Саразм” эҳёи фарҳанги асили миллати тоҷик равона карда шуда, аҳамияти тарбиявии чорабиниҳои мазкур дар ташаккули фаҳмиши таърихи миллат ва худшиносии ҳамватанон хеле бузург аст.

Ба шарофати сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ, баҳри фароҳам овардани фазои мусоиди меъёрӣ – ҳуқуқӣ ҷиҳати фаъолияти пурсамари муассисаҳои фарҳангии кишвар ва ҳаллу фасли маҷмӯи мушкилоти мавҷудаи соҳа як силсила қонун ва барномаҳои давлатӣ ба тасвиб расиданд, ки ба рушду такомули фарҳанги миллӣ такони бузург бахшиданд.   

Дар заминаи сиёсати фарҳангпарваронаи Тоҷикистони соҳибистиқлол Осорхонаи таърихии вилояти Суғд дар баланд бардоштани руҳияи худшиносӣ ва ватандӯстӣ ҷавонон ва умуман халқи кишвар дар даврони истиқлол саҳми назаррас дорад.

Намоишгоҳи осорхонавии мо дар мавзӯи “Тоҷикистон дар давраи Истиқлолият” ҳамаи солҳои истиқлолро дар бар гирифтааст ва тамошобинон метавонанд оғоз аз иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии тақдирсоз бо таърихи навини тоҷикон аз наздик шинос шаванд.

Тиляева Ш – корманди илмии шуъбаи фонд

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОПадидаи зиндагисоз аст Истиқлол (Бахшида ба 32-солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Scroll to Top