Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Сафари хотирмон

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дирӯз бо ибтикори Раиси федератсияи иттифоқи касабаи вилояти Суғд, Абдуллозода Ш.Б бо ҳайати  сафари кории намояндагони иттифоқи касабаи Ҷумҳурии исломии Эрон, ҷаноби Алӣ Реза Маҳҷуб - Президенти конфедератсияи иттифоқи касабаи Эрон, Аҳмад Ярмоҳаммадӣ - мушовири шуъбаи маориф, Муҳаммадсодиқ Моҳсеникабир - директори ҷавонон ва мушовири байналмилалӣ, хонум Марям Гилан – мудири шуъбаи кор бо занон ва хонум Азаде Тагави –муҳаққиқ дар соҳаи тибби меҳнат (равоншинос) баҳри ошноӣ пайдо намудан аз тамаддуни фарҳангӣ таърихии ниёгони халқи тоҷик аз Осорхонаи таърихии Муассисаи давлатии ”Маҷмааи фарҳангию таърихии ”Қалъаи Хуҷанд” боздид ба амал оварданд.

Меҳмононро омири кулли МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” Иброҳимов И.С пешвоз гирифтанд. Сипас, аз тарафи роҳбалади дараҷаи олӣ Мирзоева Иноятхон сайри илмӣ гузаронида шуд. Бояд гуфт, ки  осорхонаи таърихӣ ба як макони илму фарҳанги таърихӣ мубаддал гаштааст, ки ҳар яки он аз давраҳои гуногуни ҳаёти гузашта ва эҷодиёти миллати тоҷикро дар бар мегирад.

Сипас, меҳмонон аз мақбараи рамзии Шайх Камоли Хуҷандӣ дидан намуда аз ашъори шоир чанд ғазалҳо қироат намуда ба руҳи покаш дуои хайр намуданд.

Баъдан, аз Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ шиносоӣ пайдо намуда аз ҳуҷраҳои миллии замони гузашта, утоқи корӣ, тадрисгоҳ ва аз китобҳои нодири классикони адабиёти форсу тоҷик аз наздик ошно гардиданд. Воқеан, боздиди чунин ёдгориҳои таърихӣ ба кас ғизои маънавӣ мебахшад, ки аз ҷониби меҳмонон барои истиқболи самимӣ изҳори миннатдорӣ гуфта шуд.

Дар фарҷоми сафари хотирмон ба меҳмонон аз ҷониби Раиси федератсияи иттифоқи касабаи вилояти Суғд, туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Ҳоҷӣ Валӣ Набизод - маркази иттилооти МД МФТ ”Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОСафари хотирмон
Scroll to Top