Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Ҳунарманди зиндаёду нотакрор

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Диёри азизам маскани пур зи меҳру муҳаббат маконе, ки дар оғӯшат ҳазорҳо инсонҳои ҳунарманду худодод, инсонҳое, ки ватандӯстанду ватанпарваранд ҷонфидову хоксору заминианд ба дунё омадаанд. Ҳар як қаҳрамониву ҳунарнамоии ин нафарони ҷонфидо дар саҳфаҳои таърих нақш бастааст, ки онро  имрӯз насли ҷавон ба ёд меоранд. Боиси хурсанди ва фахримо имрӯз аст, ки дар қатори  чунин нафарони бофарҳангу ҳунарманд соҳибному бомаърифат нафаре, ки то охири умр бо хизмати софдилонаи худ шӯҳратёр гардидааст, фидоии касбу кори худ  Қутфинисо Рофиева мебошад.

Бонуи чирадасту ҳунарманди асил Қутфинисо Рофиева   моҳи декабри соли 1928  дар шаҳри Хуҷандӣ маҳаллаи Раззоқ чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Оилаи  қаҳрамони мо яке аз оилаҳои барӯманду ҳунарманд буда, падараш Муҳаммадрофеъ Назаров бо карбосу атласу адрасбофӣ дар яке аз коргоҳҳои маҳалла фаъолият бурдааст. Модараш Бишарофат Носирова бо тоқидӯзиву ҷиҳакдӯзӣ машҳур шуда буд. Дар фазои чунин оилаи ҳунарманд ба воя расидани ӯ баҳри интихоби касбу ҳунари ояндаи ин бонуи матинирода нақши муассир гузоштааст. Боиси қайд аст, ки бобою бибиаш низ аз аҳли ҳунармандони чирадаст маҳсуб меёфтанд.

Қутфинисо Рофиева ҳанӯз дар синни 20 - солагиаш аз модараш маҳрум монда, зери тарбияи бибияш Мастурахон қарор гирифтааст ва аввалин нозукиҳои ҳунари тоқидӯзиву сӯзанидӯзиро маҳз аз бибиаш омӯхтааст.

Аз соли 1942 то 1945 Қутфинисо Рофиева дар факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи Давлатии Омӯзгории Ленинобод ба номи М.С. Киров таҳсил намуда, баъди хатми он фаъолияти кории худро дар осорхонаи вилоятии таърихиву кишваршиносии ш.Ленинобод давоми 3 сол идома додааст. Маҳз маҳорати кордониву сухандонӣ ва зиракиву  ташкилотчигии ӯ буд, ки номбурда соли 1951 ба ҳайси ҷонишини директор оид ба таълим дар муассисаи миёнаи умумии №6 шаҳри Ленинобод ба номи А.Рӯдакӣ фаъолият бурдааст. Албатта инсоне, ки ҳамеша дар талош асту бо меҳнати софдилона фаъолият мебарад ба мартабаҳои баланд ноил мегардад. Ин буд, ки давоми солҳои 1965-1985  қаҳрамони мо ба яке аз вазифаҳои пурмасъул директори муассисаи  таҳсилоти миёнаи №6 ба номи А. Рӯдакӣ фаъолият бурдааст.

Бонуе, ки дастони гул дораду ҳунарҳои сӯзанидӯзиву тоқидӯзиро бо як маҳорати баланди касбӣ иҷро менамуд, баҳри омӯзиши духтарони муассиса саҳми арзанда гузошт. Зеро барои ҳунарманд намудани духтарон дар муассиса бо  роҳбарии худи ӯ  пайваста маҳфилҳо гузаронида мешуд. Қутфинисо Рофиева сабки махсуси сӯзанидӯзиву тоқидӯзӣ дошт. Бо сад меҳру муҳаббат ва шавқу рағбати беандоза баҳри хонандагон нозукиҳои ин ҳунарашро меомӯзонид.

Ҳамчунин, Қутфинисо Рофиева роҳбари маҳфили дӯзандагию бофандагии хонаи маданияти шаҳри Хуҷанд буд, ки ба шогирдонаш бахиядӯзиро меомӯзонид.

Дар ҳақиқат инсон вақте дӯстдори касбу кори худ аст, худро  яке аз нафарони хушбахт меҳисобад, ки ин гуфтаҳо  хоси қаҳрамони мо низ ҳаст. Чун маҳорати хуби роҳбарикунанда дошт, номбурда барои сохтмони бинои нави таълимии мактаб саҳми арзанда гузошт. То бунёди ин бино ҳамеша дар талош ва дар тараддуди кору фаъолияти писандидааш буд. Беҳтарин хислати Қутфинисо Рофиева муносибати хубу дилсӯзона муносибате, ки шогирдонаш ӯро ҳамчун модар ва ҳамкасбонаш ҳамчун як инсони самимӣ қадр менамуданду иззату эҳитромашро ба ҷо меоварданд.

          Лаҳзае буд, ки мактаб барои ин бонуи қавииродаву рӯзгордида ҳамчун  сарпаноҳ гардид, зеро соли 1954 баъди офати табии обхезии дарёи Сир ҳавлие, ки дар он мезист дар зери об монда буд. Лаҳзаҳои бесарпаноҳ мондану мушкилиҳои баъдиҷангӣ душвориҳои аз сар намудаи худро  Қутфинисо бисёр ба ёд меовард, шукри истиқлолу ватан  менамуд.

Қутфинисо Рофиева солҳои тӯлонӣ дар ҷамъияти “Дониш” –и шаҳри Хуҷанд фаъолият мекард. Моҳи марти соли 1968 аъзои Шӯрои вакилони халқи шаҳри Ленинобод интихоб шуда буд. Дар ҳар ҷое, ки Қутфинисо Рофиева фаъолият мебурд, ҳеҷ   гоҳ ҳунаре, ки аз бибиаш омӯхта  буд  аз хотир намебаровард. Новобаста ба тарадудҳои корӣ пайваста ҳунари худро такмил дода дар намоишгоҳҳи ҷумҳуриявиву, вилоятӣ, ноҳиявӣ ва шаҳрӣ ширкат менамуд. Маҳорати хос ва  волои  сӯзанидӯзиву тоқидӯзӣ дошт, ки маҳсули меҳнати ӯро қадр менамуданд. Соли 1964 Қутфинисо Рофиева бо дипломи намоишгоҳи умумииттифоқии рассомони эҷодкор сарфароз гардонида шуд.

Соли 2013 аз тарафи хешовандони ин бонуи ҳунар якчанд намудҳои кашидадӯзӣ ба монанди сӯзанӣ, рӯйҷо, рӯймол, куртаҳои мардона  ба Осорхонаи вилояти Суғд супорида шуд, ки дар якчанд чорабиниҳо ба намоиш гузошта шуд.

Дар зайл намудҳои маҳсули меҳнати ин бонуи ҳунар оварда мешавад.

Исҳоқӣ Фаридахон - Сармуҳофизи фонди

осорхонаи таърихии вилояти Суғд

 

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОҲунарманди зиндаёду нотакрор
Scroll to Top