Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Аз таърихи абрешим ва атласи тоҷик

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Бозёфтҳои аз ҳафтриёти археологии муғхонаҳо – дафинаҳои Суғд, Фарғона, Чоч ба даст омада оид ба вуҷуд доштани маданияти пахтакории Осиёи Миёна дар асрҳои аввали мелодӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки ба густариши зироати пахта дар Осиёи Марказӣ ду ҳазор сол муқаддам аз рӯзҳои мо гувоҳӣ медиҳад.

Бо гуфти  муҳаққиқон маъвои нахустини тавлиди абрешим Чин мебошад ва он ба туфайли “Шоҳроҳи абрешим” писанди башарият шуд. Суғду Фарғона ватани кирмаки пиллаи зард, Чин бошад, ҷойгоҳи тавлиди кирмаки истеҳсолкунандаи пиллаи сафед будааст. Аз ин бармеояд, ки  мамлакати тоҷикон: Варорӯд, Хоразм, Хуросон дар радифи Хитой аз аввалин ҷойҳои кирмакпарварӣ, пиллапарварӣ ва истеҳсолу коркарди абрешим ҳамчун самараи тамаддуни ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.   

Тӯли асрҳои Х – XV Хуҷанд дар манзалаи шаҳри бузурги пешварону ҳунармандон, аҳли тиҷорат ва фарҳанг, қонуни ҷаҳоншумули абрешими сифаташ аъло, навъҳои матоъҳои пахтагӣ, тораш абрешиму пудаш ресмон ва порчаҳои соф абрешимини суфтаю силиқ ва нақшу нигордор гузошта шуда буд.Хусусан шоҳӣ, атлас, адрас, подшоҳӣ, беқасаб, хоса, қоқӣ ва карбоси Хуҷанд, Конибодом, Кӯшкак, зарбофти Исфара, атласи машҳури Язд – шаҳри тоҷикон дар ҳошияи Дашти кавири Эрон, матоъҳои табиӣ, қалами алоча, чити Истаравшан дар чорсуи дунё харидорони зиёд доштанд.

Дар дохили шаҳри Хуҷанд пешварони зумраи гузару маҳаллаҳои Раззоқ, Сари баландӣ дар атрофи Хуҷанд шаҳракҳои Пули чуқур, Рӯмон, Шайх Бурҳон, Унҷӣ ва Ёва, ки макони ҳунармандони абрешимкаш, атласбоф, шоҳибоф, адрасбоф буданд, дар аввали асри ХХ беш аз 60 намуди матоъҳои абрешимӣ, нимабрешимӣ, пахтагӣ истеҳсол мекарданд.

Либоси миллӣ, матоъ ва нақшҳои он як ҷузъи фарҳанги миллат ба шумор рафта, ёдгоре аз аҷдодонамон аст, ки дар тӯли қарнҳо шинамию зебандагиашро гум накардааст. Боиси хушнудист, ки солҳои охир таваҷҷӯҳи роҳбарияти мамлакат ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ташвиқу тарғиби либоси миллӣ, рушду инкишоф додани онҳо дар миёни мардум ва ба ин васила бо ҷойҳои корӣ таъмин намудани занону духтарон зиёд гардидааст.

Имрӯзҳо дар саросари кишвари азизамон ин ҳунарҳо ривоҷу равнақ ёфта истодааст ва истеҳсоли либоси миллӣ махсусан атласу адрас, ки зеби занҳои тоҷик аст, хеле фароҳам аст. Дар зайл якчанд намудҳои атласу адрас оварда мешавад.

Исломова Сайфияхон – корманди осорхона

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОАз таърихи абрешим ва атласи тоҷик
Scroll to Top