Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Ҳулба

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

   Дар сарзамини кишвари Тоҷикистон, ки иқлимаш хос аст, намудҳои ҳулба ба монанди лалмӣ, даштӣ ва наҳрӣ парвариш меёбанд. Ҳулба асосан дар марғзор, лаби чашма, алафзор, ҷӯю каналҳо, соҳили дарё ва кӯлу обанборҳо мерӯяд. Ба фарҳанги тоҷикӣ назар афканем, пудина, пудинаи боғӣ (наъно), пудапаҷ, фудина, ҳулбӯ, ҳулба ҳам меноманд. Ҳулба аз ҷинси гиёҳҳои бисёрсола ва баъзан яксола буда аз оилаи лабгулҳо мансуб меёбад. Хӯшагули саракмонанди ҳулба одатан дар нӯги появу шохаҳои паҳлӯӣ ҷойгир аст. Гулаш майда як ё дуҷинса ва қифшакл буда, ҳулба рустании бӯстонӣ ба шумор меравад. Тухмаш сурхи моил ба монанди турб дар ғилоф мебошад. Дар байни мардуми халқи тоҷик, махсусан пудинаи даштӣ ё ҳулбаи даштӣ ва пудинаи боғӣ (наъно) маъмултар гардидааст, ки бештар истифода мебаранд. Пудинаи лалмӣ ё ҳулбаи гиёҳӣ бисёрсола буда 50-60 см қад мекашад. Пояаш хазанда, хамида ё рости нисбатан сершоха, баргаш байзашакл, чун барги юнуҷқа каме дароз мебошад. Хӯшагулаш сергул, гулаш майда, гулобӣ ё гулобии нофармон, тобистону тирамоҳ мешукуфад.

Дар шибирзамини сернамии гирду атрофи Хона-музейи ба номи Камоли Хуҷандии Муассисаи давлатии ”Маҷмааи фарҳангию таърихии  “Қалъаи Хуҷанд” аз ҷониби боғбонон ҳулба шинонида шуданд, ки бо бӯйи муаттараш фазои муҳити зистро хушбӯй, ба кас ҳаловати нотакрор мебахшад. Агар меҳмонон ва сайёҳони хориҷӣ сайри тамошои Хона-музей гарданд, мафтуни бӯи ҳулба гашта баргҳояшро канда бо худ мебаранд, ки худ мегӯянд, чойи ҳулба хосияти шифобахши дорад.Чунки чойи ҳулба  як варианти солим нигоҳ доштани бадан ҳам ҷисмонӣ ва ҳам руҳан буда барои барқароршавӣ аз баъзе бемориҳо кӯмак мебахшад.Чойи ҳулба барои бартараф намудани нафасгирӣ мубориза мебарад, фишори хунро муътадил мекунад. Ҳулба ба туфайли хусусиятҳои антибактериявӣ доштан, чанд адад баргашро хоида партоед, бӯйи даҳонро мегирад ва дар даҳон маззаи хуш медиҳад. Инчунин он барои гум кардани вазни бадан мусоидат мекунад. Баъзе инсонҳое ҳастанд, ки аллергияи мавсимӣ доранд, ҳулбаи кӯфташударо истифода баранд, нишонаҳои маъмултарини нафасро рафъ мекунад. Шарбати ҳулба пӯст ва мӯйи сарро солим нигоҳ медорад,хусусиятҳои антисептикӣ ва антибактериявӣ дорад, шароити пӯстро таскин ва сабӯсакро бартараф мекунад.Чойи ҳулба инсоне ки зарбаи руҳӣ (Стресс), изтироб ва ё руҳафтодагӣ (Депрессия) қарор доранд, ором мекунад. Ба ин васила бо хастагӣ ё хастагии равонӣ мубориза бурда ба дарди мушакҳои бадан таскин мебахшад.

Инчунин, шахсоне ҳастанд, ки аз бедорхобӣ азият мекашанд, барояшон хоб рафтан душвор, қабл аз хоб як пиёла ҳулбачой нӯшанд, роҳатбахш хоб мераванд. Бояд гуфт, ки аз қадимулайём мардуми халқи тоҷик,ҳулбаро чун гиёҳи хушбӯй таъминкунандаи маззаи хуш ба иштиҳо дар таомҳои гуногуни миллӣ истифода мебаранд. Пас, месазад садо кард, ки табиат чунин доруи табии барои беҳдошти саломатӣ пешкаш намудааст, ҳатман истифода бурд.

Ҳочӣ Валӣ Набизод

маркази иттилоот

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОҲулба
Scroll to Top