Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Гулпарвари беҳтарин

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

14 апрели соли 2023 дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе, давраи ҷамъбастии Озмуни фестивали Ҷумҳуриявии “Сайри гули лола” ва маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибон баргузор гардид.

Дар маросими тантанавии ҷоизасупорӣ роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони дигар вазорату кумитаҳо иштирок карданд.

Ҳадаф аз баргузории он пеш аз ҳама баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат, фарҳангу ҷаҳонбинӣ бедор намудани завқи зебопарастӣ, эҳтиром ба тамоми зебоӣ, ободонӣ ва хуррамии муҳити зист, бедор намудани муҳаббати сокинони шаҳр ба гулпарварӣ, ки баёнгари дӯст доштани табиат ва зебопарастии мардум маҳсуб меёбад.

Маврид ба зикр аст, ки дар ин озмун аз ҷониби Раиси комиссияи ҷумҳуриявӣ Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Зиёзода Сулаймон номинатсияи “Гулпарвари беҳтарин” - Шодибеков Абдусалом, ҷонишини директори боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии ”Қалъаи Хуҷанд” бо  дипломи дараҷаи II-юм сарфароз гардонида шуд. Мо аҳли ҷомеаи меҳнатии Муассиса бори дигар бо ин ҷоиза Шодибековро табрику муборакбод мегӯем ва дар оянда ба корҳояшон аз ин хам қуллаҳои баландӣ муваффақиятро таманно дорем.

 

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОГулпарвари беҳтарин
Scroll to Top