Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Ёдгориҳо бозгӯи таъриху тамаддун

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Рӯзи байналмиллалии ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, меъморӣ ва фарҳангӣ 18 апрел ҷашн гирифта мешавад. Ин сана аз ҷониби Маҷмааи Шӯрои байналмилалӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳо ва ҷойҳои тамошобоби таърихӣ (ИКОМОС) назди ЮНЕСКО соли 1983 муайян карда шудааст. Ҳадафи асосии ҷашни мазкур ҷалби таваҷҷуҳи инсоният ба ҳифзи мероси ниёгон ва мерос мондани он ба наслҳои оянда буда, аз ҷониби кормандони соҳаи ҳифзи мероси моддӣ ва ғайримоддӣ вазифаи шаҳрвандии ҳар фарди ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Бори нахуст "Рӯзи байналмилалии ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, меъморӣ ва фарҳангӣ" санаи 18 апрели соли 1984 дар мамолики дунё таҷлил карда шудааст.

Дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолият ба масъалаҳои ҳифз ва нигоҳдории объектҳои таърихӣ ва зиёратгоҳҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон диққати махсус дода мешавад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон “Қонун дар барои ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ” бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 08.02.2006 №251 қабул гардидааст. Бо Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24.02.2006 №194 ҷонибдорӣ гардидааст. Қонун аз 35 модда ва 7 боб иборат буда, муносибатҳои ҷамъиятиро оид ба ҳифз, истифода, нигаҳдорӣ ва тарғиби объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ танзим менамояд.  

Ёдгориҳои мероси таърихию фарҳангии халқи тоҷик пайвандгари ҳаёти моддӣ ва маънавии ниёгони мо буда, дар маҷмӯъ онҳо саҳифаҳои таърихи чандҳазорсолаи ин миллати бузургро ба ҳам мепайвандад.

Эҳёи суннатҳои миллӣ ва ҳифзу тарғиби ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар баланд бардоштани руҳияи ватандӯстӣ, худогоҳию хештаншиносии шаҳрвандон, хусусан наврасон ва ҷавонон мавқеи муҳим дорад. Истифодаи самараноки ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, ҳамчун объектҳои туризми фарҳангӣ, ба Феҳристи ЮНЕСКО ворид намудани беҳтарин ва нодиртарини онҳо ҳадафи асосии кормандони шӯъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ ба ҳисоб меравад.

Аз ин хотир дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, бахшида ба Рӯзи байналмиллалии ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, меъморӣ, ва фарҳангӣ конфронси илмӣ таҳти унвони “Ёдгориҳо бозгӯи таъриху тамаддун” баргузор гардид. Конфронсро директори Осорхонаи таърихии вилояти Суғд Бойматов М.Т. ифтитоҳ намуданд.

Дар  конфронс  Фароғат Усмонова - мутахассиси пешбари маркази илмӣ-методии Раёсати фарҳанги МИҲД вилояти Суғд, Раҳимов Набиҷон - доктори илмҳои таърих, профессори МДТ “ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров”, бостоншинос, роҳбари дастаи ҳафриётии шимоли Тоҷикистон, намояндаи академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Раҳимов Ислом- номзади илми филология, дотсент, декани факултети забонҳои шарқи МДТ “ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”, аъзоёни Шӯрои илмии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, устодон ва донишҷӯёни   Донишгоҳи давлатии Хуҷанд факултети таърих ба номи академик Б.Ғафуров, донишҷӯёни  Донишгоҳи байналмилалии  сайёҳӣ  ва соҳибкории Тоҷикистон дар вилояти Суғд, намояндагони муассисаҳои Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сарварони осорхонаҳои шаҳру навоҳии вилоят, котибони масъули бахши ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва меъмории навоҳии вилоят, донишҷӯ-таҷрибаомӯзони факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсти Тоҷикистон, намояндагони воситаҳои ахбори умум ва кормандони МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” иштирок доштанд.

Ҳадаф аз баргузории конфронс ин ҳифз намудани натанҳо ёдгориҳои таърихӣ, балки ҳифзи асолати миллӣ, забон, фарҳанг буда, қарзи ҳар шаҳрванд дар назди таърих ва наслҳои оянда мебошад.

Шарифа Сайфиева – мудири шуъбаи

оммавӣ-фарҳангӣ ва робита бо ҷомеа

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОЁдгориҳо бозгӯи таъриху тамаддун
Scroll to Top