Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Осорхона-маҳзани ёдгориҳост (18-апрел Рӯзи байналмиллалии ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, меъморӣ ва фарҳангӣ)

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Инсон барои ташаккули ҷисмонии худ ва хӯрдани ғизо барои беҳдошти саломатиаш ниёз дорад. Дар тӯли умри худ аз ҷиҳати маънавӣ ва ҷисмонӣ инкишоф меёбад. Пас, ташаккули маънавии инсон ба ташаккули ҷисмонии ӯ зич алоқаманд аст. Инкишофи маънавии инсон аз давраи хурдсолӣ оғоз меёбад. Амалиёти тарбияи маънавии насли наврас аз намоиши гӯшаҳо, суҳбатҳои этикӣ, ҷамъомадҳо, машғулиятҳо, конфронсҳо, тамошои осорхонаҳо ва ғайра инъикос меёбад. Қайд кардан ба маврид аст, ки ёдгориҳои таърихӣ, алалхусус  аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии ”Қалъаи Хучанд”, яке аз воситаҳои асосии тарбияи маънавии инсон ба шумор меравад. Тарбияви маънавии инсон на фақат аз ин осорхона, балки аз дигар ҷойҳои ёдгории таърихӣ сарчашма ғизо мегирад ва дар тафаккури ӯ ҷило медиҳад. Ин ҷило ва тобиш пеш аз ҳама аз муҳити оила, воситаҳои ахбори умум, ашёҳои нодири бозёфтшуда, мутоилаи китобҳои бадеӣ, тамошои табиату осорхона ва ҷойҳои таърихӣ ошкор мегардад.

Шиносоӣ бо Осорхонаи таърихи вилояти Суғд, манбаи асосии камолоти маънавӣ, бахусус наврасону донишҷӯён ва ҷавононро ташкил медиҳад, ки бешак Осорхона-маҳзани ёдгориҳост. Ёдовар мешавем, ки ашёҳои осорхона, ки дорои аҳаммияти умумибашарӣ, таърихӣ, илмию бадеӣ ва фарҳангӣ буда дар он коллексияҳо ҷамъоварӣ ва нигоҳдорӣ карда мешавад. Дар он барои ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ашёҳои арзишмандӣ қадимӣ ё муосир, ки таърих, сифат ё нишонаҳои махсус барои ҷомеа ҳифз намуда ба намоиши тамошобинон гузошта шудааст. Дар фонди осорхона маҷмӯи ашёҳою коллексияҳо, ки ба таврӣ доимӣ нигоҳ дошта мешавад. Инчунин ҳуҷҷати баҳисобгирии маълумоти заруриро ҳар як ашёву коллексияҳои фонди осорхона ба қайд гирифта мешавад. Яке аз шаклҳои асосии фаъолияти осорхона, ки ҳадафаш бо роҳи таҳия кардан ва ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, намоиши мунтазами сайри илмии оммавӣ, касбу ҳунарҳои қадима, ки арзишу таърихию фарҳангӣ дошта ба роҳ монда шудааст. Қайд кардан ба маврид аст, ки дар Осорхонаи таърихӣ бозёфтҳои таърихӣ бо мазмуну мундариҷаи ин ё он ёдгориҳои таърихӣ алоқаи наздик дошта, мантиқан ба зеҳни тарбияи маънавии насли ҷавон сахт марбут аст. Шароити кунуни Осорхонаи таърихӣ барои нигоҳдошти ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ алоқамандии назария ва амалияи умумибашариро тақозо мекунад, таъриху фарҳангӣ ниёгон ва дидани нигораҳои нодири он, ҳамчун мероси гаронбаҳои таърихӣ, арзишу моҳияти басо баландро молик аст. Нақши ёдгориҳои таърихӣ дар тарбияи маънавии инсон аз назари илмии равоншиносӣ барои ташаккули касбӣ доираи назари васеъро ба вуҷуд меорад. Ҷаҳони маънавии инсон аз дидану омӯхтани таърихӣ гузашта, муҳимаш ёдгориҳои таърихӣ ғанӣ мегардад. Гуфтан ба маврид аст, ки зина ба зина шуурнокии инсон аз ҷиҳати дидан ва фаҳмидан тараққӣ ёфта ба пешрафти ҷаҳони муосир оварда мерасонад. Бояд гуфт, ки ёдгориҳои таърихии кишварро бояд ҳифз намоем, ки ба ёдгориҳои гузаштагони хеш муносибати ҷиддӣ зоҳир намоем, чунки бе гузашта ҳозира ва ояндаро бунёд кардан ғайриимкон аст. Дар ин радиф, Осорхонаи таърихии вилоятӣ Суғд, ҳамчун маркази ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, тарғибгари таърихии ёдгории ибратбахши гузаштагон хизмат хоҳад кард.

Ҳоҷӣ Валӣ Набизод-маркази иттилоотии

МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲООсорхона-маҳзани ёдгориҳост (18-апрел Рӯзи байналмиллалии ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, меъморӣ ва фарҳангӣ)
Scroll to Top