Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Фестивали ҳунармандони вилояти Суғд дар Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Фестивали ҳунармандони вилояти Суғд ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони ”Ҳунар беҳтар аз зар бувад” дар Хона-музейи ба номи Камоли Хуҷандии Муассисаи давлатии”Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” бо иштироки Сардори раёсати агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд, Шермуҳаммад Нодирӣ  доир гардид.

Мақсади баргузории фестивал ва фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ин эҳёи анъанаи ниёгон  ба танзим даровардани фурӯши маҳсулотҳои қадимаи халқи тоҷик, сарҷамъ намудани ҳунармандони вилоят  нигоҳдорандагони ашёҳои қадимаю таърихӣ, бозёфт ва харидории ашёҳо мебошад. Сардори  раёсати агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ иброз дошт, ки ҷиҳати ба амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон, чӣ хеле ки гуфта буданд: ”Ба масъалаи таъсиси бештари ҷойҳои корӣ рушди соҳибкории хурду миёна, ҳунарҳои мардумӣ ва шуғли хонагӣ диққати зарури диҳем”.     

Дар ин замина бобати эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ, баланд бардоштани ифтихорӣ миллӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги воло, тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ ба касбомӯзӣ ҷалб кардани занону духтарони хонашин ва ба насли оянда пешкаш намудани ҳунарҳои аҷдодӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ аз тарафи роҳбари давлат дастгирӣ гардида истодааст.

Дар фестивал-озмун маҳсулоти ҳунармандони касбӣ ва маҳаллӣ аз қабили кашидадӯзӣ, йӯрмадӯзӣ, қолинбофӣ, сабадбофӣ  қуроқдӯзӣ, устоҳои шонасоз, кордсоз, оҳангар пешкаши харидорону тамошобинон гардонида шуд.

Дар бахши беҳтарини ҳунари мардумӣ, оид ба ҳунари қолинбофии дасти аз нахи абрешим бофташуда аз ноҳияи Деваштич, ҳунарманди касбӣ Примқулзода Зеҳния бо дипломи дараҷаи якум ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 4000 сомонӣ қадрдони гардонида шуд.

  Дигаре, дар бахши беҳтарини ҳунарҳои мардумӣ, оид ба ҳунари чармгарӣ, Шарипов Абдураҳим ҳунарманд аз шаҳри Хуҷанд бо дипломи дараҷаи якум ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 4000 сомонӣ қадрдони карда шуд.

   Инчунин, дар бахши беҳтарини ҳунарҳои мардумӣ,оид ба адрасу атласбофӣ, Зиёева Сайёҳат ҳунарманд аз ноҳияи Б.Ғафуров бо дипломи дараҷаи дуюм ва мукофотпулӣ  дар ҳаҷми 3000 сомонӣ сарфароз гардонида шуд.

Дар бахши беҳтарини ҳунари мардумӣ,оид ба бандубастшуда Нарзуллоева Равшанӣ ҳунарманд аз ноҳияи Спитамен бо дипломи дараҷаи сеюм ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 2000 сомонӣ сарфароз гардонида шуд.

Дар фарҷоми чорабинӣ барномаи фарҳангӣ манзури тамошобинон гардонида шуданд.

Таҳмина Тошматова-роҳбалади Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОФестивали ҳунармандони вилояти Суғд дар Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ
Scroll to Top