Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Ҳифзи мероси ниёгон

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Осорхона макони муқаддасест, ки аз таърихи бою пурғановати миллӣ гувоҳӣ медиҳад, ки ҳар як нигораи ин макон баёнгари таъриху тамаддун ва санъати волои воқеии аҷдодон, намунаи ҳунарҳои миллӣ маҳсуб меёбад. Дар рӯзгори мо нигаҳдорӣ ва манзур сохтани маҳзани ёдгориҳои пурарзиши ниёгон вазифаи пурмасъули осорхонаҳо шинохта шудааст. Илми таърихнигории ҷаҳонӣ собит кардааст, ки дарёфти оддитарин олоти меҳнат, васоити рӯзгор ва ё як ҷумла осорӣ хаттӣ метавонад дар ҷараёни тадқиқоти илмӣ дар дарки таърих дигаргунии куллӣ ворид намояд. Дар осорхонаҳо ёдгориҳои манқул хамчун осори моддӣ ҷамъоварӣ карда шуда, натанҳо ҳифз балки барои тамошобинони дохилию бурунмарзӣ пешкаш мегарданд.

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, меъморӣ ва фарҳангӣ санаи 12 апрели соли 2023 дар асоси нақша – чорабинии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд хониши сиёсӣ таҳти унвони “Осорхона таърихи зиндаи ҳар миллат аст” бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Меҳмонон аз фаъолияту ва толорҳои намоишии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд шинос шуда, аз таъриху фарҳанги куҳани тоҷикон аз наздик огоҳӣ пайдо намуданд. Ҳамчунин, ба Китоби мулоҳизоти меҳмонони фахрӣ таассуроти худро ба таври зайл нигоштанд:

“Мо кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд дастҷамъона аз осорхона дидан намудем. Боз як бори дигар таассуроти бузурги таърихӣ бардоштем.

Ба роҳбарият ва кормандони осорхона барои пазироӣ ва муаррифии хубу хотирмон изҳори сипос менамоем.”

Ба меҳмонон аз тарафи  мудири шӯъбаи оммавӣ – фарҳангӣ ва робита бо ҷомеа Сайфиева Ш. сайри илмӣ гузаронида шуд.

Нодира Олимова - ҷонишини омир оид ба корҳои илм

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОҲифзи мероси ниёгон
Scroll to Top