Райҳон гиёҳи хушбӯйест, ки қариб тамоми сол парвариш меёбад. Райҳон ба маънои гиёҳе аз хонаводаи наъно,ки баргҳо ва шохаҳои муаттари он барои хӯрок истифода мешавад, испарғам ва нозбӯй ҳам мегӯянд. Бо истилоҳи забони русӣ ”Базилик” ном мебаранд. Райҳон хосияти давогии дорад. Бахусус ҳангоми халалдор шудани асаб ва зарбаи руҳӣ (Стресс) бисёр муфид аст. Агар ҳар субҳ барги онро хоида партоед, микробҳои дар даҳон ҷамъшударо несту нобуд мекунад. Инчунин барои бемории бронхит истеъмоли нӯшобаи он фоида дорад, ки бояд дар давоми рӯз як стакани онро се тақсим карда нӯшид. Холестаринро кам мекунад,иштиҳоро меорад, барои хуб ҳазм намудани хӯрок кӯмак мерасонад.
Дигаре бошад, райҳон ба нафароне ки мубталои бемориҳои эпилепсия, тромбофлебит, тромбоз, ихтилоли лахташавии хун зарар дорад ва ба ин гуна беморон аз нӯшидани нӯшобаи райҳон тавсия дода намешавад. Ба мухлисони чойнӯш, чойи райҳонро бо барги райҳон тайёр кунанд, маззаи хубу нӯшиданибоб дода ба инсон ҳаловати нӯши ҷон мебахшад. Ва ҳақиқат ин аст, ки он яке аз маъруфтаринҳо нест, аммо манфиатҳои зиёде дорад, ки метавонад ҷолиби нӯшидан бошад. Он мисли чойи рӯзмарра тайёр карда мешавад, ки хосиятҳои худро дорад ва агар ҳар рӯз нӯшокии чойи райҳонро бинӯшед, кашф кунед ки ин чиз барои саломатии Шумо чӣ карда метавонад?
Ба хотири шифобахшӣ ва ҳифзи саломатӣ, фазои муҳити зистро хуш гардонидан дар қатори дигар гулу гулбуттаҳои ороишӣ ва боз ба кабудизор табдил додани майдончаи полезии Хона-музейи Камоли Хуҷандии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хучанд”, аз ҷониби боғдорон, зиёда аз 2000 кӯчати райҳон ва дигар намуди гиёҳҳо шинонида шудаанд. Ҳар замоне ки меҳмонони хориҷӣ ташриф мефармоянд, таваҷҷуҳ ва бо дастони худ ламс мекунанд , беихтиёр мегӯянд ин чӣ дастамбӯ дастам бӯй гирифт аз бӯйи хуши муаттараш ҳаловат мебаранд. Райҳон баргҳои байзашакл ва гулҳои сафед ё гулобӣ дорад, ки дар мавсими фасли тобистон хело нашъунамо меёбад. Чойи райҳон барои узви нафаскашӣ, зидди илтиҳобӣ ва антибактериявӣ хеле муфид буда,инчунин барои беҳтар шудани нафаскашӣ ва ихроҷи луоб мусоидат мекунад.
Ҳоҷӣ Валӣ Набизод-маркази иттилоот