Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Рамазон-моҳи саховат

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

  Аз ҳама олиҳимматарин амал барои инсон- ин кори хайриявӣ кӯмак намудан аст.Дар даҳаи мағфирати моҳи Рамазони шариф қарор дорем,баробари рӯзадорӣ,изҳори имондориву тақво,ҳамгироиву ҳамбастагӣ, саховатмандӣ ва дигар амалҳои хайрро дар бар гирифта, вуҷуди инсонро ба макони ҳусни адаб мубаддал месозад.Яке аз фазилатҳои моҳи Рамазони шариф таваҷҷӯҳ аз ҳоли ятимону бечорагон  ва кушодани  дасти саховат мебошад.

     Ногуфта намонад, ки худ меҳру муҳаббат аз ранҷ маншаъ мегирад. Ҳар замоне,ки шахси саховатманд ба ятимону бечорагон дасти сахо мекушояд, дар байни табақоти ҷомеа як сафову самимият ба вуҷуд меояд. Албатта,ба ин самимиятҳои неку баракоти моҳи муборак ташкилоти ҷамъияти маркази таълимии”Латофат”ва Муассисаи давлатии Маҷмааи фарҳангию таърихии ”Қалъаи Хуҷанд”, дар якҷоягӣ аксияви хайриявӣ бо гузоштани дастгоҳи яхмоси тезтайёркунанда  дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ ба роҳ монда шуда, баъди ифтори шоми яхмоси ширин, ройгон тақсим карда шуд, ки  на фақат хурсандии дили кӯдакон, балки калонсолон ҳадду канор надошт.

   Бошад, ки ҳамеша дасти саховатмандон кушода  бо баракоти ин моҳи мубораки Рамазон, раҳмату мағфират, оромиву осоиш ва файзу баракат дар кишвари азиз танинандоз бошад. Дар оянда, тасмим гирифта шуд, ки аз ҷониби ташкилоти бонуфуз аксияи хайриявӣ,на фақат дар моҳи мубораки Рамазон, балки дар дигар моҳҳо  гузаронида шаванд.

             

Ҳоҷӣ Валӣ Набизод-маркази иттилоот.

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОРамазон-моҳи саховат
Scroll to Top