Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Зан-модар беҳтарин тарбиятгари аҳли башар

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Бахшида ба муносибати ҷашни иди  Рӯзи модар, дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, конфронсияи илмӣ-адабӣ таҳти унвони”Зан-модар олиҳаи нуру зиёи олам ва гармии зиндагӣ”, чорабинии бошукуҳ баргузор гардид. Дар он  олимони таъриху фарҳангшинос, устодону донишҷӯёни факултаҳои таърих ва ҳуқуқ, забонҳои хориҷӣ ва филология, адибон, намояндагони воситаи ахбор ва меҳмонон иштирок намуданд.    

Нахуст Омири кулли Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии ”Қалъаи Хуҷанд” Иброҳим Иброҳимов ҳамагонро бо иди Рӯзи модар муборакбод гуфта иброз дошт, ки қадру манзалати занон дар байни ҷомеа ва дар рушди сарзамини кишвар басо нақши  носутурданӣ дорад. Рисолати симои асили зан-модар дар зиндагӣ пеш аз ҳама барпо намудани оилаи солим, тарбияи фарзандони солеҳ ба дӯш доранд, сарбаландона иҷро намуда истодаанд.     

Сипас Намояндаи Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, мутахассиси пешбари маркази илмӣ-методӣ Фароғат Усмонова таҳти унвони ”Зан тимсоли зебоӣ” маърӯза кард. Таъкид шуд, ки занҳои миллати кишвари Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷомеаи имрӯзаи мо баробари оилаҳои хушбахту хушрӯз, ки солиёни зиёд бори зиндагӣ кашида, дар гармиву сардиҳои рӯзгор пастиву баландиҳои зиндагӣ фарзандони бонангу номуси миллатро ба воя расониданд.

     Мутриба Мавлонова, номзади илмҳои филология, дотсент, мудири кафедраи адабиёти муосири тоҷик маърӯза “Тимсоли модар дар ашъори Лоиқ Шералӣ” ва Олимова Шоира, сармутахассиси МД Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ, шоира, докторанти курси сеюми факултети филологияи тоҷики МДТ “ДДХ ба номи академик Бобоҷон Гафуров”, оид ба бузургдошти зан-модар суханронӣ намуданд.

Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ омӯзгори коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофиз Ҳусейнҷон Шарипов бо суруди”Модар” табъи ҳозиринро болида гардонид.

   Ҳакимова Мавҷуда, роҳбари маркази ҳунармандии ба номи ”Зулфия Баҳриддинова”, таҳти унвони ”Ҳунаромӯз к-аз ҳунармандӣ” баромад намуда, аз ҷумла чунин гуфт, занҳои миллати тоҷик аз қадимулайём бо ҳунарҳои худ маълуму машҳур гаштаанд. Сӯзаниҳову кашидадӯзӣ, ресмондӯзӣ, пухтупази таомҳои миллӣ модарону модаркалонҳои моро дар тамоми кишварҳои олам, ҳамчун муъҷизаи санъат мешиносанд. Дӯхтани сӯзаниву кашидадӯзиҳои миллати ҳунарҳои тоҷик дар байни бонувони кишвар ба ҳукми анъана даромадааст, ки аз тамошои онҳо инсон ҳаловат мебарад. 

Баҳроми Раҳматзод, шоир, директори муассисаи давлатии “Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ”, кулли модаронро бо ҷашни Рӯзи модар муборак гуфта, шеъри тозаэҷод дар васфи модар-хоҳарони азиз қироат намуд.   

Тошматов Даврон, роҳбалади Осорхонаи таърихии вилояти Суғд,  аз меҳру шарафбори мунаввари модарон-ҳоҳарони азиз сухан ва табрикоти самимӣ намуд.

Дар интиҳо ба меҳмонон туҳфаи хотиравӣ аз ҷониби муассиса ҳадя гардид.             

Ҳочӣ Валӣ Набизод - Маркази иттилоот.

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОЗан-модар беҳтарин тарбиятгари аҳли башар
Scroll to Top