Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Обдаста

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои ҷиҳозонидани толорҳои навбунёд ва  ҳавлиҳои ҳунармандони “Қалъаи Хуҷанд”  якчанд адад ашёҳои таърихию фарҳангӣ харидорӣ гардида ба осорхонаи таърихии вилояти Суғд ворид гардид. Яке аз чунин ашёҳо харидоришуда, обдастаҳои ҳаккокикардашуда мебошад. Обдаста,  зарфи рӯзғоре, ки ба он об андохта дасту рӯй мешӯянд. Ғунҷоиши обдастаҳо гуногун буда, даҳонаш хурд (баъзан сарпӯшдор аст), гардана, дастак ва ҷуммак (нӯл) дорад. Дар замонҳои қадим аз мис, сафол, биринҷӣ, баъдтар аз чӯян месохтанд ва бо нақшҳои гуногун оро медоданд. Обдаста вобаста ба намуд ва ороиш номҳои гуногун дорад: обдастаи гулдор, ҷаъфарӣ, товусобдаста ва ғайра. Обдастаи мазкур  ба асри XIX тааллуқ дошта, он аз мис сохта шудааст. Он аз гарданаи дарозу борик, тана, ҷуммаки дароз, даста ва сарпӯш иборат аст. Гирдогирди  танаи обдаста навиштаҷоти арабӣ, нақшҳои ҳандасави, зооморфӣ ва ислимӣ ҳакокӣ карда шудааст. Намунаҳои қадимии обдаста, ки ҳунармандони тоҷик дар замонҳои қадим сохтаанд, дар осорхонаҳои шоҳру ноҳояҳои ҷумҳурӣ аз он ҷумла дар осорхонаи таърихии вилояти Суғд нигоҳ дошта мешавад. 

Корманди илмии шӯъбаи таърихи

МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Пӯлотова Нигора

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲООбдаста
Scroll to Top