Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Китоби “Мавзеъҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва сайёҳии Тоҷикистон”

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Китоб хазинаи илму маърифат, дарёи ақл ва калиди хушбахтиҳост, ки дар он ганҷи бебаҳои сухан ниҳон аст. Маҳз китоб аст, ки инсон тавассути он бо таърихи бою пурғановати тамоми олам ошно мегардад, ба адабиёту фарҳанг наздикӣ пайдо мекунад ва маданиятро меомӯзад, ки ин барои хурду бузург муфид аст.

Дар китоби “Мавзеъҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва сайёҳии Тоҷикистон”  тамоми ёдгориҳои таърихиву сайёҳӣ, назокату зебоиҳои табиат ва дастовардҳои фарҳанги моддиву маънавии кишвари маҳбубамон фароҳам оварда шудааст.                                                 

Китоб ҷиҳати дарёфти иттилооти муфиду дақиқ барои истифодабарандагони китобхонаҳо, хонандагону донишҷӯён, муҳаққиқони соҳаҳои таъриху табиатшиносӣ, сайёҳону дӯстдорони табиат, фарҳангшиносону кишваршиносон  ва оммаи васеи дилбандони сарчашмаҳои дониш таҳия гардидааст. 

“Мавзеъҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва сайёҳии Тоҷикистон” ба ифтихори ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардидани солҳои 2019-2021 ва ба истиқболи 105-солагии Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ аз тарафи як гурӯҳ таҳиягарон ва бо пешгуфтори номзади илмҳои филология Баҳром Мирсаидов  ба табъ расидааст. Китоб аз 190 саҳифа иборат буда, бо қарори Шӯрои табъу нашри Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ ба чоп тавсия шудааст.

Хушбахтона китоби мазкур дар китобхонаи илмии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” мавҷуд буда,   барои рушди саёҳати дохиливу хориҷӣ ва тарғибу ташвиқи имкониятҳои гардишгариву сайёҳии  Ватани азизамон  ба унвони раҳнамо омода шудааст.

Яҳёева Дилрабо корманди

МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОКитоби “Мавзеъҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва сайёҳии Тоҷикистон”
Scroll to Top