Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

ВАТАНДОРӢ ШАРАФИ ИНСОН АСТ.

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Ба таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 30-сол пур мешавад. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи Истиқлолият буда, дар шароити вазнин таъсис ёфтааст. Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ кишварҳои навтаъсис, алалхусус давлатҳои мустақили Осиёи Марказӣ дар заминаи биною иншооти амнияти ҳарбидошта қувваҳои мусаллаҳи хешро бунёд намуданд. Ҳамзамон онҳо аз Артиши пурқудрати Шӯравӣ техникаи мухталифи ҷангӣ ва яроқу аслиҳаи гуногунро мерос гирифтанд. Вазъи душвори ҳарбӣ-сиёсии он солҳо имкон надод, ки Тоҷикистон аз мероси Артиши Иттиҳоди Шӯравӣ бархӯрдор  гардад.  Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо дивизияи тирандози 201-ум ҷойгир буд.  Мутаассифона, он замон дар ҷумҳурӣ ҷанги шаҳрвандӣ ҷараён дошт ва милликунонии он метавонист сабабгори васеъ ва тӯлонӣ гардидани ин муноқиша гардад. Раванди ҳодисаҳои баъдӣ исбот намуд, ки дар ихтиёри Россия мондани дивизияи 201-ум ягона роҳи ҳалли дуруст ва ҷавобгӯйи манфиатҳои миллии Тоҷикистон аст.

Аз рӯзҳои аввали таъсиси Артиши миллӣ афсарони мо дар сангарҳо ҷангиданд, танзимгари сохтори ташкилию штатии худмашғул шуданд. Таҳкурсии моддӣ-техникӣ умуман вуҷуд надошт. Норасоии кадрҳои ҳарбӣ ва мутахассисони касбӣ дар ҳама ҷанбаъҳо ҳис мешуд. Сарфи назар аз ин мушкилиҳо ҳайати шахсии Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ дар солҳои душвори муқовимат роҳи пур-печутоберо тай намуда, таҷриба андӯхт ва ба яке аз артишҳои касбии минтақа табдил ёфт. Бунёди Қувваҳои мусаллаҳ кори осон набуд ва он давра ба давра сурат гирифт.

Мақсади асосии давраи аввали сохтмони Артиши миллӣ ин ташкили қувваҳои ҳарбие буд, ки қобилияти таъмини истиқлолият, якпорчагии хоки Ватан ва оромии ҳаёти осоиштаро дошта бошад. Ба ин мақсад бригада ва баталиёнҳои тирандоз таъсис  ёфтанд, ки вазифаи асосии онҳо муқовимат бо қувваҳои зиддидавлатӣ ва муҳофизати сохти конститутсионӣ буд.

Давраи дуюм иборат аз такмили сохтори ташкилию штатӣ буда, бо таъсиси намудҳои асосӣ, ба монанди қӯшунҳои хушкигард, қувваҳои наздисарҳадӣ, десантура ва ғайра фаъолият менамоянд. Дар мудати 30-сол Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонистанд, ки кадрҳои баландихтисосро дар хориҷи кишвар омодаи дифоъ тайёр намоянд.   

Бояд гуфт,  ки хеч як давлат бе таьрих, бе фарханг  ва бе Артиши Милли арзи вучуд карда наметавонад. Артиши милли махз бо захмату талошхои Пешвои муаззами миллати точик, Сарфармондехи Олии Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомали Рахмон ба такягохи асосии давлат ва сипари боэътимод табдил ёфтааст. Мо ба Қуввахои Мусаллахи кишварамон эътимоди комил дорем, ки онхо минбаъд низ истиклолу озодии Точикистони махбубамон, амнияти давлат ва осоишу оромии халкамонро химоя менамоянд.

Имрӯз Тоҷикистон аз кишварҳоест, ки баҳри ҳифзи хоки худ истодагарӣ карда метавонад, ҷавонони бонангу бономус, родмардони шуҷои Ватан пуштибони марзу буми аҷдодианд. Имрӯз бо боварии том гуфта метавонем, ки Тоҷикистон он Тоҷикистони солҳои 90-уми асри гузашта нест, ба найрангҳои сиёсатхоҳону авбошон гирифтор нахоҳад шуд, ақлу заковат ва хиради азалии миллати тоҷик ҳамеша дастболо аст ва доимо сулҳу амониро тараннум хоҳад кард.

Фаридахон Исҳоқӣ - корманди МД МФТ "Қалъаи Хуҷанд"

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОВАТАНДОРӢ ШАРАФИ ИНСОН АСТ.
Scroll to Top