Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Баргузории чорабинӣ бахшида ба 30-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Артиш ё худ Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҳар давру замон барои ҳар як кишвари соҳибистиқлол пояи матин, кафили бехатарӣ ва таъминкунандаи ҳаёти осоиштаи мардум ба ҳисоб меравад. Артишро чун мактаби мардонагӣ ва омӯзиши касбу ҳунар тавсиф мекунанд.

Ватандорӣ як рукни ҳастии миллат ва неъмати бузургу бебаҳо аст. Волотарин меъёри ватандорию ватандӯстӣ расидан ба қадри Ватан, миллат ва давлати соҳибистиқлол, ба ҷо овардани хизмати Ватан ва ҳифзи марзу буми он аст.

Ҳар як хизматчии ҳарбӣ бояд амиқан дарк намояд, ки ватандӯстӣ ин арзи садоқат ба Ватан, миллат ва давлати соҳибистиқлоли худ буда, дар эҳтиром ва пос доштани арзишҳои миллӣ ва аз тамоми манфиатҳо боло гузоштани манфиати давлату миллат зоҳир мегардад.

Мардуми тоҷик дар симои Қувваҳои Мусаллаҳ ҳомиву муҳофизони худро мебинанд ва бо такя ба ин нерӯи содиқ ба Ватану миллат раванди бунёдкориву созандагии сарзамини аҷдодиамонро вусъат бахшида истодаанд. Зеро баракати зиндагӣ ва осудагии рӯзгори мардум маҳз аз тинҷиву оромӣ ва сулҳу субот вобаста мебошад.

Маҳз дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҷавонписарон сабақи шуҷоату мардонагӣ гирифта, муҳофизат кардани хоки поки Ватанро меомӯзанд. Вақте ки мо ватандӯстӣ мегӯем, пеш аз ҳама муҳофизати Ватан ва якпорчагии марзу буми кишварро дар назар дорем. Вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯст афзун намудани дастовардҳои Истиқлолият ва таҳкими рукнҳои давлатдорӣ аст, ки яке аз ин рукнҳо Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мебошад.

Аз ин хотир дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғди Муассисаи давлатии  “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”   вохӯрӣ бо афсарону сарбозон  бахшида ба 30 – солагии Рӯзи Артиши миллӣ таҳти унвони “Артиши миллӣ – сипари боэътимоди Ватан”баргузор гардид.

Чорабиниро омири кулли муассиса И. Иброҳимов ифтитоҳ намуданд. Вохӯри бо садо додани  Суруди миллӣ оғоз гардид.

Дар чорабинӣ Бурҳонов Раҳимҷон полковник – корманди масъули комиссариати ҳарбии ш. Хуҷанд, Нурзод Маҳбуб Мелс – подполковник- сардори зершӯъбаи корҳои сиёсӣ тарбиявӣ дар қисми ҳарбии 3501, ҳамчунин намояндагони Шӯрои собиқадорони ҷанговарони интернатсионалист, афсарону сарбозони Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи Давлатии Амнияти Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, афсарону сарбозони қисми ҳарбии 3501 Қӯшунҳои Дохилии Вазорати Корҳои Дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони муассисаҳои Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, бахши Суғди академияи мусавварони Тоҷикистон, профессор, номзади илмҳои педагоги - Салимбой Ҳасанов, муассилини гимназияи №4 бо роҳбарии Алиев, намояндагони Шӯрои иттифоқи касабаи коркунони фарҳанги вилоят Комилов А. ва маркази илмии Камол, кормандони мактабаи рассоми дар шаҳри Хуҷанд, намояндагони Васоити ахбори омма ва кормандони МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” иштирок доштанд.

Баъд аз аз анҷоми вохӯрӣ дар толори намоишӣ бахшида ба 30-солагии Артиши миллӣ таҳти унвони “Артиши миллӣ – сипари боэътимоди Ватан” ифтитоҳ гардид. Мақсад аз баргузории намоиш дар қалби ҷавонону наврасон бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ мебошад.

Ш.Сайфиева - Мудири шӯъбаи оммавӣ-фарҳангӣ

ва робита бо ҷомеа

 

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОБаргузории чорабинӣ бахшида ба 30-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Scroll to Top