Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Артиши миллӣ – сипари боэътимоди Ватан

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Мо бо ифтихор 30 – юмин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зодаи даврони истиқлолият аст, дар фазои сулҳу суботи кишвар ва рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ҷашн мегирем. Хушбахтона, мардуми тоҷик дар симои Қувваҳои Мусаллаҳ ҳомию муҳофизи худро дида, рӯ ба бунёдкорию созандагӣ ниҳодаанд. Зеро Артиши миллӣ имрӯз ба такягоҳи асосии давлат ва сипари боэътимоди Ватан табдил ёфта, кишвари азизамонро содиқона муҳофизат мекунад.

Сарчашмаҳои таърихӣ гувоҳанд, ки қавмҳои ориёӣ, аз ҷумла тоҷикон ҳанӯз дар замонҳои қадим сипоҳи машқдида доштаанд ва аз тарзу усулҳои пешбурди амалиёти ҷангӣ бархурдор будаанд.

Дар давраи ҳукумронии сулолаи Ҳахоманишиҳо, ки тамоми қавмҳои   эронинажодро муттаҳид мекард, артиши доимамалкунанда созмон дода шуда буд, ки асоси онро дастаи шоҳӣ ташкил медод. Дар давраҳои минбадаи таърихӣ низ ба артиш таваҷҷӯҳ бештар буд.

Давлати  бузурги Сомониён, ки замони ба авҷи шукӯҳу шаҳомат расидани давлату давлатдории тоҷикон ҳисоб мешавад, бо воситаи девонҳо идора карда мешуд.

Маҳз ҳамин  мероси пурғановати санъати ҳарбии  ниёгон  имкон  дод,  ки  Артиши  миллӣ  ва  дигар  рукнҳои  давлатдорӣ  таъсис  дода  шуда,  дар  як  муддати  кӯтоҳ  фаъолияти  муназзами  онҳо  таъмин  карда  шуд.

Баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ сарфи назар аз он, ки муноқишаҳои доҳилӣ фаро гирифта буд, Тоҷикистони тозаистиқлол ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи худ шурӯъ намуд.

18 декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расида, қувваҳое, ки ҳукумати конститусиониро ҷонибдорӣ мекарданд, таъсис ёфт. Ҳамин тавр, 23 феврали соли 1993 нахустин паради ҳарбии Артиши миллӣ баргузор гардид, ки он рӯз расман санаи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид.

Таъмин  намудани  амнияти  миллату  давлат,  ҳифзи  ҳаёти  осоиштаи  мардум  ва  пешрафти  тамоми  соҳаҳои  иқтисодиву  иҷтимоӣ  ба  устувории  вазъи  сиёсӣ  тартиботи  ҳуқуқӣ,  таъмини  волоияти  қонун,  пешгириву  мубориза  бар  зидди  ҷинояткорӣ  ва  ҳифзи  марзу  буми кишвар вобастагии мустақим дорад. Миллати  тоҷик дар таърихи бисёрсолаи худ ҳеҷ гоҳ  зӯровариро аз нерӯи ақлонӣ боло нагузоштааст. Аҷдоди мо танҳо ҳамон вақт ба истифодаи нерӯ  иқдом кардаанд, ки аҷнабиён ба мутеъгардонии  сарзамини муқаддаси тоҷикон даст задаанд.

Ин аст, ки ному корномаи қаҳрамонони  миллати тоҷик, ба монанди Спитамену Деваштич  ва Муқаннаъу Темурмалик дар саҳифаҳои таърихи  халқамон ҳамчун ҳомиёни сарзамини аҷдодӣ ба  таври  абадӣ  зинда  мондааст. 

Аз ин лиҳоз, мо мардуми тоҷик бо анъанаҳои  пуршарафи Артиши миллӣ ифтихор мекунем, зеро  артиши мо аз оғози таъсисёбиаш то имрӯз нақши  кафили амнияти кишвар ва рукни муҳими  давлатдорӣ будани худро сарбаландона адо  менамояд.

Ҳамасола кормандони МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд  ин рӯзро пуршукӯҳона ҷашн мегиранд.

Хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ натанҳо  қарзи муқаддаси фарзандӣ, балки мояи ифтихор ва  шарафи бузург аст. Артиш барои ҳар як ҷавонмард  мактаби ҷасорату матонат, дӯстиву рафоқат ва  худшиносиву меҳанпарастӣ  мебошад.               

Хоҷаева Муҳаррама - Мудири шӯъбаи

таърихи давраи муосир                    

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОАртиши миллӣ – сипари боэътимоди Ватан
Scroll to Top