Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Амиршоҳи Сабзаворӣ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

 

 Олитарин сарват хазинаи тафаккури башар аст,ки нерӯи ахлоқӣ,захираи зеҳнӣ ё ғановати маънавӣ низ тадбир карда мешаванд.Марворидҳои сарвати маънавӣ ва миллии халқи тоҷик ҳам дар ганҷинаҳои ҷаҳон бо ҷилои махсус медурахшиданд. Ин хазинаи пурқимат худ ба худ ба вуҷуд наомадааст, балки дар давраҳои гуногуни таърих аз тарафи мутафаккирони бузург, сухангустарони оламшумул, муҳибони сухан ва инсонҳои бохираду наҷиби маърифатпарвари халқи тоҷик ҳифз карда шудаанд.

Таърих гувоҳ аст, ки дар адабиётшиносии тоҷику форс, оид ба ҳаёти адабию мадании асрҳои XIV-XV ва аз ҷониби як қатор намояндагони он асарҳои зиёди илмӣ-тадқиқотӣ навишта шудаанд, лек шоироне низ вуҷуд доранд, ки ҳаёт ва эҷодиёти онҳо то кунун омӯхта нашудааст, онҳо ба таҳлилу тадқиқоти алоҳида ниёзмандӣ доранд. Аз ҷумла, яке аз ғазалсароёни бузурги асри XIV ва аввали асри XV Амиршоҳии Сабзаворӣ мебошад, ки роҷеъ бо маҳорати суханварии ӯ инчунин бисёр лаҳзаҳои ҳаёташ дар сарчашмаҳои адабию таърихӣ, дар феҳрести китобхонаҳои ҷаҳонӣ ва адабиёти илмии имрӯза маълумот дода шудаанд. Аммо то ба имрӯз, доир ба ин мавзуъ тадқиқоти алоҳидае вуҷуд надорад. Локин, муҳимтарин ва мукаммалтарин маълумот, доир ба шоири мумтоз Амиршоҳи Сабзаворӣ, ҳаёт ва фаъолияти эҷодии ӯ муқаддамаи девони ӯст, ки ба тасҳеҳ ва ҳавоишии Саъиди Ҳамидиён соли 1348 шамсӣ (1929-1930) мелодӣ дар шаҳри Теҳрон ба табъ расидааст. Ин маълумот бо иловаи баъзе ишораҳои худи Амиршоҳи Сабзаворӣ дар қисматҳои гуногуни ғазалиёташ имконият медиҳад, ки бо ҷараёни зиндагии ӯ мухтасар бошад ҳам ошно гардем.

Амиршоҳи Сабзаворӣ байни солҳои 784 (1382-1383) ва 787 (1385-1386) мелодӣ дар шаҳри Сабзавор таваллуд шуда, дар ҳамон ҷо нашъунамо ёфта, соҳиби обрӯву эътибори зиёд гардидааст. Худи Сабзавор шаҳрест, ки дар Хуросони Эрон мавҷуд аст. Падари шоир Ҷамолуддини Фирӯзкуҳӣ ном доштааст. Исми аслии адиб Оқомалик ва тахаллуси шоириаш Шоҳӣ мебошад. Ӯ дар аҳди ҷавонӣ аз Сабзавор ба шаҳри Ҳирот, ки яке аз марказҳои сиёсӣ ва фарҳангии онрӯза буд, сафар намудааст. Шаҳри Ҳирот ба шоир хеле писанд омада будааст. Дар Ҳирот ба надимии Бойсанғур Мирзо муваззаф гардида, муддатҳо дар ин кишвар умр ба сар бурдааст. Пас аз чанде миёни ҳукмрони Ҳирот ва шоир ранҷише пайдо мегардад, ки боиси ҷудоии онҳо мегардад. Инчунин, Амиршоҳии Сабзаворӣ, ғайр аз шуғли шоирӣ дар навъҳои гуногуни ҳунар ва санъати замони худ устод будааст. Вай дар навъҳои хат,хусусан,настаълиқ,дар тазҳиб ва тасвир дар мусиқӣ устоди мумтоз буда,асбоби удро хеле моҳирона менавохтааст. Дар охирҳои умр Абулқосим Бобур ӯро барои суратнигории кушкии худ машҳур ба Кушки Гулафшон ба шаҳри Астаробод даъват намудааст. Аз лиҳози хулқу ахлоқи хамидаи Шоҳӣ марди боиффат ва беозор буда ва рубоии зайли ӯ дар ин бобат гувоҳи ҳол аст:

 

     Шодам,ки зи ман бар дили кас боре нест,

     Касро зи ману кори ман озоре нест.

     Гар нек шуморанду гарам бад гӯянд,

     Бо неку бади ҳеҷ касам коре нест.

 

     Пайваста олимону фозилон, донишмандону шоирон ҳамсуҳбати ӯ буданд. Шоҳӣ бо шоирон Бобо Савдоӣ, Мавлоно Юсуфӣ, Амирӣ, Аминуддини Назлободӣ, Мавлоно Яҳёи Себак, Мавлоно Ҳасан Салимии Тунӣ, Котибии Туршезӣ, Озарии Тӯсӣ ва Хоҷа Авҳадии Муставфӣ мулоқоти илмӣ доштааст.Ҳар яке аз ин шоирон дар пешрафти ҳаёти адабию  фарҳангии аҳд, саҳми бузурге гузошта,аз такомули фарҳангию эҷодиётии якдигар ошно буданд. Шоҳӣ бо эҷодиёти худ,пеш аз ҳама бо ғазалиёташ дар ҷамоаи шуарои муҳити адабии хеш ва хориҷ аз он шуҳрат ва маҳбубияти хосе дошт. Шоҳӣ бо бисёре аз саромадони фарҳанги онрӯза бевосита рух надода бошад ҳам,вале ӯ бо таълифоти онҳо шиносоӣ ё равобити мактубӣ дошт. Мир Алишер Навоӣ ба ду ғазали Амиршоҳӣ Сабзаворӣ ҷавоб гуфтааст, ки шаҳодат аз ин гуфтаҳост:

 

Чунончӣ, Амиршоҳӣ Сабзаворӣ:

Ид асту халқе ҳар тараф доманкашон бо ёри худ,

Мискин мани бесабру дил ҳайрон шуда дар кори худ.

Ҳам мурғ нолон дар чаман,ҳам гул дарида пираҳан,

Ҳар кас ба ёре дар сухан,ман бо дили афгори худ.

Ту ҳамчу гул доманкашон рафта ба гашти бӯстон,

Пеши ту мискин боғбон шарманда аз гулзори худ.

Ақлам,ки будӣ раҳнамун,хандид бар аҳли ҷунун,

Ман низ механдам кунун бар аҳли даъводори худ.

Гар рози дил нанҳуфтаме,дар хоку хун кай хуфтаме,

Ҳам бо табибе гуфтаме ҳоли дили бемори худ.

Дар ҷон дарун он тундхӯ доим ба дил дар гуфтугӯ,

Бечора ман маҳрум аз ӯ,чундида аз дидори худ.

Шоҳӣ,зи хубон зад нафас афтод дар доми ҳавас,

Чун андалебони қафас дармонда аз гуфтори худ.

 

Алишер Навоӣ

Фасли баҳору ҳар касе бо сарви гулрухсори худ,

Ман бо дили чун ғунча хун дар фурқати дилдори худ.

Гулшан ҷамол ороста,сарв аз тараб бархоста,

Ман ҳамҷу булбул коста аз нолаи бисёри худ.

Шуд ғунча ҳар сӯ ҷилвагар,шивакунон гулбарги тар,

Сад хори ҳаҷрам дар ҷигар бе гулбини гулбори худ.

Корам ба сина тухми ғам,борам зи чашм оби надам,

Дар ишқ бошам дамбадам ҳайрони кору бори худ.

Бар тан харошам то ба кай,соқӣ гар орад ҷоми май,

Марҳам ниҳам аз лойи вай бар синаи афғори худ.

Гирён ба пешаш ҷон диҳад в-аз меҳнати ҷон вораҳад,

Рӯзе,ки Фонӣ сар ниҳад бар хоки пои ёри худ.

 

Амиршоҳӣ аз навъҳои шеърӣ асосан ғазал гуфтааст ва ғазалҳои ӯ машҳур будаанд. Ҳатто,ӯ дар шаҳри Астаробод матлаъи зерини ду ғазалро гуфта,барои онҳоро ба итмом расонидан фурсат наёфта,пеш аз вафоти худ васият кардааст, ки онҳоро Хоҷа Авҳади Муставфӣ тамом кунад. Матлаъи ин ғазалҳо чунинанд:

 

Харобем аз дили бераҳм гаҳ-гаҳ ёд кун моро,

Саги кӯи туем охир,бо санге шод кун моро.

Ту шаҳриёри ҷаҳон,мо ғариби шаҳри туем,

Ватан гузошта бехонумон зи баҳри туем.

 

Хоҷа Авҳади Муставфӣ онҳоро ба итмом расонида,ба девони шоир дохил кардааст. Шоҳӣ марди қаноатпешаву шикастанафс ва шикебову таҳаммулкор буда, ба ин маънӣ бо дода қаноат кардаву бо дод зистааст. Чунончӣ мегӯяд:

 

Роҳат талабӣ, ба додаи даҳр бисоз,

Озурда машав дар талаби неъмату ноз.

Лаълу зару гул чӣ суд,даҳрӯза бақо,

Хуш сарви тиҳидаст,хушо умри дароз.

 

Шоҳӣ дар муддати ҳаёти худ шеърҳои зиёде сурудааст, аммо бо мурури замон ва сабабҳои номаълум аз байн рафта, ба ҷуз ашъоре, ки дар девони номбаршудаи ӯ фароҳам гардидааст, чизи дигаре барҷо нест. Ашъори Амиршоҳӣ ҳанӯз дар давраи зиндагониаш дар байни шоирони муҳити адабии хеш ва берун аз он шуҳрати хосе дошт. То ба замони мо танҳо девони шоир, ки бо тасҳеҳ ва ҳавошии Саиди Ҳамидиён соли 1343 шамсӣ (1929-1930 мелодӣ) дар шаҳри Теҳрон ба табъ расидааст, боқӣ мондааст. Ин девон аз 182 ғазал, 5 қитъа, 15 рубоӣ ва 5 байт муаммо иборат буда ва дар маҷмуъ муштамил бар 1032 байт мебошад. Ашъори шоир агарчӣ аз ҷиҳати теъдод кам аст, вале аз нуқтаи назари мавзуъ, мазмун обу ранги зебои бадеӣ, латофату равонӣ ва табиӣ будани худ ғанӣ ва қобили диққати махсус мебошад. Аксари муҳақиқон, алалхусус, муаллифи тазкирнависи асри XV “Тазкират-уш-шуаро” Давлатшоҳи Самарқандӣ ва шоиру мутафаккири бузург Абдураҳмони Ҷомӣ ба эҷодиёти ӯ баҳои баланд додаанд. Амиршоҳиро аз ҷумлаи шоироне донистаанд, ки сӯзу гудози Хисрави Деҳлавӣ, латофати ғазалиёти Ҳасан, нозукиҳои шеъри Камоли Хуҷандӣ, сидқу сафои Ҳофизи Шерозӣ дар ғазалиёти шоир ҷамъ омадааст. Мутоилаи ғазалиёти Амиршоҳӣ Сабзаворӣ нишон медиҳад,ки ӯ дар ғазал муҳаббати поку беолоиши инсонӣ, сидқу сафо, панду ахлоқ, шикваву шикоят аз муҳити зиндагӣ,май,мутриб,гулу булбул,баҳор ва хуррамиҳои он,майлҳои ирфониро бисёр латифу дилкаш васф намудааст.

Амиршоҳӣ Сабзаворӣ дар синни ҳафтодсолагӣ, яъне соли 1453 дар шаҳри Астаробод аз ҷаҳон чашм пӯшидааст. Мувофиқи васияташ ҷасади ӯро ба шаҳри Сабзавор оварда ба қабристони аҷдодиаш ба хок месупоранд.Марги ин суханвори моҳир дили арбоби завқро андуҳгин сохт.Услуби ғазалиёти Амиршоҳӣ хеле гуворою дилкаш буда, дар ғазалиёти хеш беҳтарин муваффақиятҳои эҷодии пешинро истифода кардааст. Вай як силсила байту мисраъҳои устодон чун Саъдӣ ва Ҳофиз,Салмон ва Камоли Хуҷандӣ,Маҳастӣ,Амир Хусрави Деҳлавӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Қосими Анвор, Котибии Туршезӣ, Амир Ҳумоюни Исфаҳонӣ, Лисонӣ, Озариро устодона истиқбол намудааст. Бесабаб нест,ки устодони шеъру адаби форсӣ ба мисли Мавлоно Ҷомӣ, Соиби Исфаҳонӣ, Бобо Фиғонӣ, Муҳташами Кошӣ,Урфии Шерозӣ,Толиби Омулӣ,Воъизи Қазвинӣ, Назирии Нишопурӣ ба ғазалиёти ӯ пайравӣ кардаанд.

Пас.зарурият медонем,ки баъди мутоила ва баррасии девони ашъори шоири соҳибзавқ ба ихтиёри ҳаводорони назм ҳавола карда мешавад.Умед мекунем,ки писанди мухлисон мегардад.

 

 

Ҳоҷӣ Валӣ Набизод

маркази иттилоот.

    

       

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОАмиршоҳи Сабзаворӣ
Scroll to Top