Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ соли 1314 дар шаҳри Ҳамадон таваллуд шудааст. Ӯ таълими ибтидоиро аввал дар оила, баъдан назди тағояш Сайид Алоуддавла гирифта дар синни дувоздаҳсолагӣ рӯ ба тасаввуф овардааст. Аз нақли шогирдаш Мавлоно Нуруддин Ҷаъфарӣ Бадахшӣ маълум мегардад, ки бо саҳми донишмандон Муҳаммад Риёз, Аҳмад Ҳасани Донӣ, Оғо Ҳусайн ва дигарон хеле зиёд мебошад. Ба туфайли саъю кӯшиши онҳо саҳифаҳои манзараи зиндагиномаи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва намунаҳои осори ӯ пешниҳоди мардум гардиданд.    

Бо вуҷуди ин то ҳол аҳвол ва осори Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба дараҷаи кофӣ таҳқиқу баррасӣ нашудааст. Ба ақидаи олимон нашри осори гаронбаҳои ӯ аҳамияти зиёдеро молик аст, зеро бо вуҷуди таъсири нуфуз ва шуҳрати Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар Тоҷикистон, алалхусус, вилояти Хатлон, осори ӯ то ғайри баъзе намунаҳо,ба оммаи хонандагон пешкаш нагардидааст.

Гуфтан ба маврид аст,ки дар Хона-музейи Камоли Хуҷандии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, ашъори безаволи аслии дастхати Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, баҳри мухлисони адаб маҳфуз нигоҳ дошта шудааст.

Бешак, нашри осори Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар китобхонаҳои машҳури дунё пароканда буда, аксари онҳо ба тариқи дастнависанд. Бояд гуфт, ки то ҳол дараҷаи мансубӣ ва мусаллами қисми зиёди онҳо норавшан мемонад. Аз ин лиҳоз, Ҳамадонӣ яке аз симоҳои намоён дар таърихи афкори илмию фарҳангии мардуми форсу тоҷик мебошад. Шоир аз асоси илмҳои замонаи худ фалсафа, ахлоқ, адабиёт, забони арабӣ, таърих, ҷуғрофия, тиб, нуҷум, калом ва фиқҳ баҳраманд шуда, яке аз олимҳои машҳури замони худ гардидааст.   

 Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ муддати 21 сол дар сафар буда, қариб ҳамаи кишварҳои исломиро сайр намудааст. Ӯ худ мегӯяд, ”се маротиба аз Машриқ то Мағриб сафар кардам ва ҳар бор, ки ба шаҳре ва вилояте мерасидам, расму одати аҳли он мавзеъро ба тариқи дигар дидам”. Гуфтан ба маврид аст, ки эътибору шавкат ва шуҳрату парастиши ӯ дар Ҷумҳурии Покистон хеле зиёд аст. Мардуми Покистон хосу ом, Мир Сайид Алии Ҳамадониро бо лақаби ифтихори Шоҳи Ҳамадон мавриди эҳтироми махсус ва парастиши хос қарор доданд. Дар ин кишвар Анҷумани байналмиллалии исломии Шоҳи Ҳамадон амал мекунад, ки сарвари он авлод ва муҳаққиқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, доктор Оғои Ҳусайни Ҳамадонӣ мебошад, ки мақсади онҳо баррасӣ ва тарғибу ташвиқи аҳволу осори Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ мебошад. Умуман, дар кишвари Покистон нисбат ба дигар кишварҳо, доир ба таҳқиқу тарғиб ва нашри осори Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ хизматҳои шоистае анҷом дода шудаанд.    

Баъди сайри кишварҳои гуногун Ҳамадонӣ бо навиштани  асарҳояш машғул шуда, дар баробари он шогирдони зиёдеро ба воя мерасонад. Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ соли 1379 ватанашро тарк намуда бо 700 нафар муриду шогирдон, хешу наздикон ва дӯстони худ ба шаҳри Кашмир меояд. Олими машҳурро намояндагони давлат бо иззату икром қабул намуданд. Алии Ҳамадонӣ дар кишвари Ҳинд бо тезӣ соҳиби шуҳрату нуфузи калон пайдо мекунад. Умуман, сабаби ҷилои ватан ихтиёр кардани Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бештар ба ду омил, аввалан, истилои Темури кӯрагонӣ ва муносибати носозгори вай бо шоир, сониян,дар ихтилофу душмании як гурӯҳ олимону донишмандони давр, ки дар натиҷаи баҳсҳои илмию мазҳабӣ ба миён омадааст. Маҳз ба шарофати Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва ҳамватанону ҳаммаслакони ӯ дар Кашмир ҷараёни интишору инкишофи адабиёти бадеию фалсафӣ ва динӣ қувват гирифтааст.    

Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ соли 786/1384 ҳангоми сафар аз дунё гузашт ва ӯро ба воситаи куҳистони Чарор ба Кулобӣ вилояти Хатлон оварда дафн мекунанд. Мазори Мир Алии Ҳамадонӣ дар деҳе аз ноҳияи Тӯтӣ Алишоҳи Хатлон мебошад. Ин ҳамон деҳе аст, ки Ҳамадонӣ онро харида, масҷиду мадраса ва хонақоҳе дар он бино кардааст.

  Асарҳои Алии Ҳамадонӣ, асосан рисолаҳои ҳаҷман хурд буда, ирфонӣ мебошанд. Рисолаҳои “Машориб-ул-азвоқ”, ”Рисолаи фақия”, ”Миръот-ут-тоибин”, ”Рисолаи зикрия”, ”Даҳ қоидаи суфия”, ”Рисолаи дарвешия”, ”Ақраб-ут-тариқ”, ”Анвор-ул-азкор”, ”Силсилат-ул-авлиё”, ”Одоб-ул-машоиҳ” ба монанди инҳо барои омӯхтани таърихи таҳаввулу такомули тасаввуф аҳаммияти зиёди илмӣ дорад. Дар охир ҳаминро бояд қайд кард, ки таълиму тарбия дар назди олимону орифони машҳури замон, саёҳати дарозмуддат ба кишварҳои мухталифи исломӣ, мусоҳибаву мубоҳисаҳои гуногунмавзӯи илмӣ, шиносоӣ бо доираҳои илмию адабӣ, маҳзабӣ ва ҷараёнҳои гуногуни динӣ дар ташаккули ҷаҳонбинии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ нақши калон бозидаанд. Доираи фаъолияти илмию адабӣ ва фалсафии  васеъ буда зиёда аз 170 асарҳо офаридааст. Асарҳои насрии ӯ асосан ба забонҳои форсии дарӣ ва қисман ба забони арабӣ таълиф шудаанд, ки дорои як силсила осори тафсири ба шумор меравад.

Дар Осорхонаи таърихи вилояти Суғд якчанд китобҳои ин шоири мумтоз мавҷуд аст, ки устодону донишҷӯён метавонанд истифода баранд. Бар замми ин дар толори пазирои як мусаввари ин шоир ба намоиш гузошта шудааст. 

Баротова Монат – Китобдори калон

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОМир Сайид Алии Ҳамадонӣ
Scroll to Top