Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Мисгарӣ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дар Осиёи Миёна аз замонҳои хело қадим, алалхусус, дар минтақаҳои тоҷикнишини он ҳунармандони мардумӣ хеле равнақу ривоҷ ва рушд карда буданд. Ҳунармандони маҳал бештар ба ҳунарҳои қолинбофӣ, чӯбтарошӣ, кулолгарӣ, кандакорӣ, зарбофӣ, сӯзанидӯзӣ, тоқидӯзӣ, заргарӣ, мисгарӣ ва ғайра машғул мешуданд.

Гуфтан ба маврид аст, ки ҳунарҳои мардумӣ бештар дар шаҳрҳои сераҳолинишин ривоҷ ёфта ва аз ин маҳсулоти коркардашуда аҳли ҳунармандон дар рӯзгори худ истифода мебурданд. Маҳсулоти истеҳсолшудаи ин ҳунармандони мардумӣ харидорони зиёде доштанд. Барои бозоргир ва рақобатпазир шудани маҳсулоти тайёршуда кӯшиш мекарданд, ки маҳсулоташон аз ҷиҳати сифат ва зебоӣ ҷолиби харидор бошанд.      

Дар байни ин ҳунарҳо, алалхусус мисгарӣ хеле ривоҷу равнақ ёфта аз мис зарфҳои гуногун тайёр карда мекарданд. Аксари зарфҳои сохташудаи ҳунармардон ба бозорҳои хориҷӣ ба фурӯш мерафтанд. Дар ҳаёти мардум, зарфҳои мисин истифода мешуданд, ки имрӯз ҳар кадоми онҳоро метавон дид, дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғди Муассисаи давлатии ”Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, ба монанди зарфҳои гуногуни дегҳо, косаву лагандҳо, қумғонҳо, обдастаҳо ва ғайраҳо ба намоиш гузошта шудаанд, ки дар замони худ зебу зиннати ҳар хонаводаи мардум будаанд. Осори боқимондаи ҳунармандони қадима далолат медиҳанд, ки ҳамаи ин ашёҳои рӯзгор бо як санъати баланди ҳунармандӣ сохта ба истифода дода шудаанд. Беҳуда нест, ки баъзе маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд бо номи “Заргарон”, ”Чармгарон”, ”Тӯппидӯзон”, ”Мисгарон” ном бурда мешуданд. Ин номҳо то ҳанӯз дар баъзе маҳаллаҳои шаҳр боқӣ мондааст. Гуфтан ҷоиз аст, ки имрӯзҳо дар кишвари Тоҷикистон ҳунари мисгарӣ қариб, ки аз байн рафтааст. Танҳо дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд сохтани карнайҳо боқӣ мондааст. Дигар намудҳои ҳунари мисгарӣ дар ҳолати хеле маҳдуд сохта шуда истодаанд. Бо рушд ёфтани технологияҳои нави замонавӣ ва пайдо шудани корхонаҳои саноатӣ дар кишвар, ки бештар зарфҳои мисин истеҳсол мегардад, равнақи ин касби мардумиро рӯ ба танозул овард ки, имрӯзҳо қариб аз байн рафта истодааст. Зарфҳои саноатӣ нисбатан арзон буда, барои тайёр кардани онҳо заҳмати зиёд кашидан лозим нест. Бинобар ин ҳунармандони чирадаст натавонистанд бо саноати зарфсозии нав рақобат кунанд. Аз ин рӯ, ҳунармандон аз касбу корӣ худ даст кашида, сохтани зарфҳои рӯзгорро ба гӯшаи фаромӯшӣ супоранд. Пӯшида нест, ки харидори кардани зарфҳои мисини ҳунармандон чандон арзон набуданд. Ба зарфҳои саноатӣ рӯ овардани мардум ҳам боиси аз байн рафтани ин ҳунари мардумӣ сабаб шуда метавонад. Дар замони саноаткунонӣ нархи мис баланд рафт ва дастрас кардани ин намуди фузулот хеле душвор гашт. Хушбахтона, бо шарофати Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвар чанд корхонаҳои хурди саноатӣ кушода барои эҳё намудани ҳунари мадумӣ ба истифода дода шудаанд. Онҳо мақсад доранд, ҳунари қадимаи миллии халқро идома бахшида, зарфҳои мисин тайёр кунанд ва аз нав зинда кунанд.

Боиси фараҳмандӣ аст, ки имрӯз истеҳсоли ҳунари мардумии мисин аз нав эҳё мешавад. Ҳар бинанда беихтиёр ҳавас мекунад, ки чунин зарфҳои зебо дошта бошад. Зеро, ки суннатҳои хеле ҳунарҳои қадимаи кишварамон боз аз нав бо зебогии замонавии худ дили бинандаро тасхир месозад.

Ҳочӣ Валӣ Набизод - Маркази иттилоот.

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОМисгарӣ
Scroll to Top