Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Чеҳраи ҳунар

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Ҳунарманд он шахсе мебошад, ки дар зиндагиву рӯзгори хеш комёб шуда бошад. Мардони ҳунар нафароне мебошанд, ки бо маҳорати касбии хеш қалбҳоро тасхир мекунанд ва пас аз худ бо ганҷинаи ҳунари худ дар хотираҳо боқӣ мемонад, ки бо некӣ ёд мешавад.

Бале, ҳунарманд сарояндаи моҳиру хушнавоз, сарояндаи мумтози халқи тоҷик, ҳофизи халқии Тоҷикистон Маъруфхоҷа Баҳодуров аз зумраи чунин ҳунармандони касбӣ, ки дар рушди санъати тоҷик ҳиссаи арзанда гузоштааст. Дар иҷрои ин ҳунармандӣ номӣ, сурудҳои халқию классикӣ, алалхусус, шашмақом бо завқи баланди иҷрокунандагӣ ва маҳорати хосса сайқал ёфта, мазмунан ҷилваи дигар мегирад.

Маъруфхоҷа Баҳодуров соли 1920 дар деҳаи Рӯмони ноҳияи Бобоҷон Гафуров дар хонаводаи зиёӣ таваллуд ёфтааст. Падараш Баҳодурхоҷа аз аҳли санъат ва санъатпарвар буда, бобояш Олимхоҷа Ҳофиз бо ҳамроҳи писараш Баҳодурхоҷа шеъру ғазалҳои масҳабӣ аз Хоҷа Аҳмади Яссавӣ, Хоҷа Ҳофизу Бедил бо лаҳни мақомҳои маҳаллӣ сурудҳо месароиданд, ки дар байни мардум, ҳамчун шахси бомаърифат донандаи комили санъати сарояндагӣ ном бароварда будаанд. Маъруфхоҷаи ҷавон дар оилаи санъаткор ба воя расида, хулқу атвор, одоби ҳамида ва бо овози хуш аз дигар фарзандон фарқ мекард.

Падараш истеъдоди фитрии ӯро пай бурда, барои тарбияи фарзандаш Маъруфхоҷа таваҷҷуҳи алоҳида зоҳир мекард. Бо кӯшиши бевоситаи падараш Маъруфхоҷа аз олами назму шеърҳо хело ҷиддӣ баҳраманд мегардид ва омӯзиши касбии сарояндагӣ бо қироати шеъру ғазал, дарк намудани маънии шеър эътибори ҷиддӣ медод.

Падараш, ки бо ҳофизи забардасти хуҷандӣ Содирхон Ҳофиз шиносоӣ пайдо карда буд, Маъруфхоҷаи ҷавон бо падараш дар суҳбатҳо ва ҷамъомадҳои адабиву маърифатӣ зуд-зуд иштирок мекард. Ӯ аз суҳбати гарми онҳо, хусусан аз овози сеҳрангези Содирхон Ҳофиз олам-олам завқ мебурд ва аз дилбастагӣ ба ин ҳофиз тақлид карда, сурудҳои ӯро замзама менамуд. Ин шавқу завқи Маъруфхоҷаро пай бурда, падараш розигӣ дод, ки дар соҳаи ромишгарӣ ҷиддӣ машқ карда ба ҳофизони касбии замони худ пайравӣ кунад. Албатта, ӯ орзу мекард, ки ба Содирхон Ҳофиз шогирд шавад, лекин бо сабаби пиронсолагӣ ва бемории Содирхон ин орзуҳояш амалӣ намешаванд. Бояд, ёдовар намуд, ки Маъруфхоҷа Баҳодуров то синни ёздаҳсолагӣ дар баъзе мавридҳо аз таҳти назорат ва маслиҳатҳои Содирхон Ҳофиз баҳраманд мешуду ба онҳо бевосита амал мекард. Маъруфхоҷаи ҷавону сармасти дурдонаҳои гуҳарбор, танбӯрро ба наво дароварда аз каломи пурғановату шакарбори Хоҷа Ҳофизу Шайх Саъдӣ ва Хоҷа Камолу Мавлавии ширингуфтор месароид. Ҳозирин аз садову аз навои ҳунарманди ҷавон ғизои маънавӣ мебардоштанд. Бо садои хушу навоҳои ҷаззобаш, аллакай дар саросари Тоҷикистон ном бароварда буд. Дар ҳунари овозхонӣ баъди падари бузургвору бобояш ҳунарманди мардумӣ, яке аз поягузорони санъати мақомсарой Содирхон Ҳофизро устоди худ медонист. Маъруфхоҷа ба ин устоди азизаш пайравӣ намуда бо сурудҳои иҷронамуда ба осори рангини Содирхон Ҳофиз либоси тозаю нав бахшида, таронаҳои “Шаҳноз”, ”Шаҳнози Содирхон”, ”Чапандози Содирхон”, ”Гулёри Содирхон”, ”Баёт”, ”Ушшоқ”, ”Чоргоҳ”, ”Дугоҳ” ва боз бисёр дурдонаҳои мақомро бо маҳорати баланди касбӣ иҷро мекард. Ин буд, ки Маъруфхоҷаи 21-соларо дар қатори дигар ҳунармандони баркамол барои иштирок дар Даҳаи санъати Тоҷикистон соли 1941 ба шаҳри Москва фиристоданд. Баъди ба итмом расидани Даҳаи санъати Тоҷикистон бо унвону ифтихорномаҳои Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор дониста шуда да синни 27 солагӣ, аниқтараш соли 1947, чун ҳунарманди сермаҳсул ва донандаи ҳунари асили мақомсарой аз тарафи Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо унвони баландӣ ҳунарӣ Ҳофизи халқии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуд. Соҳиб шудан ба ин унвони баланд Маъруфхоҷа Баҳодуровро дигарбора меҳри ӯро ба санъати овозхонӣ зиёд гардонид. Пайи ҷустуҷуҳои нав мегашт. Маъруфхоҷа Баҳодуров ҳарчанд худро давомдиҳандаи мактаби ҳунарии Содирхон Ҳофиз медонист, талош мекард, ки сабки услуби хоси сарояндагии худро дар ин ҷода дошта бошад. Дар тӯю маъракаҳо ва консертҳои мухталиф фаъолона иштирок мекард.Тавассути радио ва телевизони ҷумҳурӣ бо барномаҳои консертӣ зуд-зуд баромад мекард. Бо тамошобинон ва мухлисони сершумори худ шабҳои эҷодӣ ва вохӯриҳо мегузаронид. Соли 1995 Маъруфхоҷа Баҳодуров дар Академияи мусиқии навтаъсиси шаҳри Хуҷанд аз ҳунари сарояндагӣ таълим медиҳад. Бар замми ин дар шаҳри Истаравшан роҳбари ансамбли мақомхононро ба уҳда мегирад, инчунин ба шогирдони ҷавон ҳунари созтарошии асбобҳои мусиқиро низ меомӯзонад.

Гуфтан ба маврид аст, ки дар фонди Осорхонаи таърихии вилояти Суғди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд, асбобҳои мусиқии танбӯр, рубоб ва асбоби мусиқии созтароши нотамом маҳфуз мебошад.

    Дар тӯли фаъолияти пурбарори устод Маъруфхоҷа Баҳодуров дар фонди радио ва телевизиони Ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Узбекистон якчанд силсила асарҳои ҳунарманди ғазалсарой сабт гардидааст. Ин суруду навоҳои устод ҳар гоҳ тавассути мавҷҳои радио ва телевизион ба мухлисони мусиқии асил намоиш дода мешавад. Ҳар як суруди сароидаи устод Маъруфхоҷа Баҳодуров яке аз дигаре волову зебост.Зеро, ашъори шуарои классики худ саропо панд асту андарз. Риштаи умри устоди санъати халқи тоҷик Маъруфхоҷа Баҳодуров дар синни 78-солагӣ соли 1998 канда шуда, ӯро дар зодгоҳаш деҳаи Рӯмон ба хок супориданд. Ба подоши фаъолияти беназираш Маъруфхоҷа Баҳодуровро бо унвони фахрии Ҳофизи халқии Тоҷикистон ва бо орденҳои ”Байрақи Сурхи меҳнат” ва “Нишони фахрӣ” қадрдонӣ карда шуддаст.

Ҳоҷӣ Валӣ Набизод - Маркази иттилоот.

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОЧеҳраи ҳунар
Scroll to Top