Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Мавсими шохабурӣ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Зимистон бо сардиаш ҳукмронӣ мекунад. Табиат ба ин хунукии боду ҳаво таслим мешавад, дарахтон баргҳои худро партофта, гӯё ба хоб мераванд. Ин вазъият ба боғбонҳо фурсат медиҳад, ки шохҳои дарахтон навдаҳои бебарг қад ба фалак кашидаро ба тартиб дароранд.

Шаклдарории дарахтон ва буридани шоху навдаҳои дарахтон, ки барои мунтазами сабзиш, рушди баланд бардоштани сифати дарахтон, инчунин барои дарозумрии дарахтон мусоидат мекунад.

Чорабинии шохабурӣ аз тарафи боғбонони Боғи фарҳангию истироҳатии ба номи Камоли Хуҷандии Муассисаи давлатии ”Маҷмааи фарҳангию таърихии ”Қалъаи Хуҷанд” бомаром идома дорад. Яъне, буридани шоху навдаҳо ҳосилнокиро зиёд, устувории шоху навдаҳо ва пойдории дарахтонро мустаҳкам, таркиби меваҳоро хуштамъ, ҳаҷми меваро калон, сифатнокиашро баланд, инчунин, ҳангоми коркарди замин ва пошидани пору ё заҳри кимиёвиҳо бар зидди касалию ҳашаротҳои зараррасон осон мегардонад. Инчунин, вобаста аз шароити маҳал, намуд, навъ, синну сол дарахтонро охири тирамоҳ, зимистон, баҳор ва тобистон мебуранд. Дар шароити кишвари мо бошад, пас аз хазонрез шудани дарахтон буриданро сар кардан мумкин будааст.

Буридани дарахтон дар рӯзҳои хунуки фасли зимистон, ки агар ҳарорат паст бошад, ҳангоми ҳавои хунук, намнок ва тира, ки сабаби шилмбарории онҳо мегардад, тавсия дода намешавад. Умедворем, ки баъди буридани шохабурии дарахтони боғи фароғатию истироҳатӣ, пояҳои дарахтон мустаҳкам, шаклҳояшон ороста шуда, ҳусни боғро дигаргун намуда барои тамошобин ҳаловати тозае мебахшад.

Ҳоҷӣ Валӣ Набизод - Маркази иттиллот

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОМавсими шохабурӣ
Scroll to Top