Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Таътили пурсамар

User Rating:  / 2
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Таърих – илм дар бораи сабти фаъолияти инсон, ҷамъият мебошад. Таърих (вожаи арабӣ) – илмест, ки маҷмӯи воқеа ва ҳодисаҳои дар ҳаёти инсоният рӯйдодаро меомӯзад. Таърих, саргузашти гузаштагон ва ойинаи сарнавишти ояндагон аст. Таърих барои хирадмандон дарси ҳикмат ва мояи ибрат буда, инсони ҳушманд аз омӯзиши ин фан сабақҳои омӯзандаи зиёде барои зиндагии хеш мегирад. Таърих  он  вақт омӯзонда ва сабақ шуда метавонад, ки аз гузашта ибрат гирифта тавонем, хатоҳои худро ислоҳ намоем ва дар фикри оянда бошем.

Имрӯзҳо, ки таътили зимистонаи муассисаҳои таълимӣ, гимназияву литсейҳо оғоз гардидааст, имконияти басо фароҳам аст, ки аз МД “МФТ” “Қалъаи Хуҷанд”,  ки ба он Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомоти шаҳри Хуҷанд ба номи акадекмик Н. Негматов, Хона- музейи Камоли Хуҷандӣ дохил мешавад,  дидан намоянд ва аз таъриху фарҳанги қадимаи миллати куҳанбунёди тоҷик огаҳӣ ёбанд.

Масъулони Осорхонаи таърихии вилояти Суғд аз рӯзҳои аввали соли нави мелодии 2023 бо дасту дили гарм ва ғайрати дучанд ба фаъолият оғоз намуда, баҳри хушу хотирмон гузаронидани таътили зимистонаи мактаббачагон саҳм гузошта истодаанд. Зимни боздиди мактаббачагон аз осорхона аз тарафи роҳбаладон бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, узбекӣ сайри илмӣ гузаронида мешавад. Ҳамчунин барои болидахотирии онҳо тариқи монитор филмҳои тасвирии солинавӣ ба намоиш гузошта шудаанд. Чун анъана дар толор гӯшаи намоишӣ созмон дода шудааст, ки бо Арчаи солинавӣ - баёнгари ҳаёти сабзу хуррам ва номаҳои табрикотӣ – нишондиҳандаи эҳсоси меҳру муҳаббат оро ёфтааст.

Сайфиева Шарифахон – мудири шуъбаи оммавӣ – фарҳангӣ ва робита бо ҷомеа 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОТаътили пурсамар
Scroll to Top