Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Ёдгориҳои таърих

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Ҳар як миллату қавм аз сатҳи маънавиёти таърихию фарҳангӣ ғанӣ будани осорхонааш маълумот мегирад, ки таърихи куҳанбунёдаш аз худ чӣ боқӣ гузоштааст. Яъне, сарчашмаи таъриху фарҳангии аҷдодони гузаштагонашро ҳамчун омилҳои пешрафти худ қарор дода аз он сабақ мегирад. Дар ин ҷода заминаҳои бунёди таърихию фарҳангиро бояд ба наслҳои оянда мерос гузошт.

Дар Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, ки Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомотӣ ба номи академик Нуъмон Неъматов, ки пурра ба бостоншиносӣ бахшида шудааст. Ҳамаи нигораҳои  таърихӣ дар натиҷаи ковишҳои бостоншиносони тоҷик дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд ба даст оварда шудааст, ки баҳри тамошобин манзур гардидааст. Фонди осорхонаро зиёда аз 771 адад нигораҳо ишғол мекунад, ки танҳо 658 ададаш дар намоишгоҳ ва 113 ададаш ашёҳои ёрирасон ҷой дода шудааст. Ашёҳо ва нигораҳо дар толори осорхона ба шуъбаҳои қадимтарин, қадим ва асри миёна тақсим шуданд. Дар экспозитсия асосан пораҳои маснуоти сафолин ба монанди ҷом, кӯза, пиёла, табақ, хуму хумча ва монанди онҳо ба маъразаи тамошобин гузошта шудаанд, ки ба давраҳои гуногуни шаҳри Хуҷанд тааллуқ доранд. Инчунин,  хиштҳои калонӣ аз давраҳои забти  Искандари Мақдунӣ (асрҳои IV пеш аз мелод), маснуоти шишагини асрҳои VIII-IX мелодӣ, чароғҳои сафолин, оташдонҳо ва дегҳои асрҳои IX-X давраи Сомониён ба тамошо гузошта шудааст. Сокинони шаҳр ва меҳмонон бо як завқу шавқи баланд ба тамошои осорхона меоянд, ки аз макони муқаддас тамошобин боварӣ ва ҷаҳонбинии худро бо арзишҳои таърихию фарҳангӣ муқоиса мекунад.  

Бояд гуфт, ки ҳамаи нигораҳои осорхонаи бостоншиносӣ аслӣ буда, арзиши осорхонаро баланд мебардорад. Осорхонаи бостоншиносӣ на фақат нигоҳ доштани нигораҳои аслӣ, балки таърихӣ гузаштаи куҳанбунёди миллати тоҷикро нишон медиҳад. Дар ин васила, олами ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ба қобилияти зеҳни инсон таъсир бахшида, хотироти ҳаёти бинандаро рангин месозад.

Ҳочӣ Валӣ Набизод - Маркази иттилоот

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОЁдгориҳои таърих
Scroll to Top