Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Боздиди Раиси вилоят аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Санаи 22 ноябри соли ҷорӣ, Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода аз як қатор муассисаҳои давлатӣ дидан намуда ба онҳо китобҳои тозанашр тӯҳфа намуданд. Аз ҷумла, аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд низ дидан намуданд. Раиси вилоятро омири кулли муассиса Иброҳимов И ва директори Осорхона Бойматов М пешвоз гирифтанд. Раиси вилоят баъди шиносоӣ бо фаъолияти муассиса аз камбудиҳои ҷойдошта дар муассиса пурсон шуданд.  Омири кулли муассиса хурсандии кормандонро аз ташрифи Раиси вилоят иброз дошта доир ба бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда ҳарф зад.

Инчунин, Раиси вилоят аз ташрифи саёҳону меҳмонон ба Осорхона пурсон шуданд ва таъкид намуданд, ки хизматрасониро нисбат ба меҳмонон дар сатҳи баланд қарор диҳанд.

Баъдан,  Раиси вилоят аз толори намоишӣ Осорхона, ки бахшида ба 30 - солагӣ иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Иҷлосияи тақдирсоз” ифтитоҳ гардида буд, дидан намуданд. Дар рафти дидану мулоқот бо кормандони Осорхона Раиси вилоят китобҳои тозанашри “Сарвар, Президент, Пешво”, “Эҳёгари Суғд”, “Иҷлосия: Парвозгоҳи Пешвои миллат” ва медали ҷашнии “30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Осорхона ҳадя намуданд ва дар охир ҳамаи кормандони муассисаро бо Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфтанд.

Исобоев Даврон – Мудири шӯъбаи дастхатҳо ва табъу нашр 

Аксҳо аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОБоздиди Раиси вилоят аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд
Scroll to Top