Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

ҲИСОБОТИ фаъолияти нуҳмоҳаи Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” барои соли 2022

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғди МД МФТ “Қаълаи Хуҷанд” 5 ҷаласаи Шӯрои баргузор гардида, нақшаи фаъолияти маҷмаа, аъзоёни Шӯрои илмӣ дар соли 2022, мақолаҳо ва сайри илмии мавзӯии кормандони илмӣ муҳокима ва тасдиқ карда шуданд.

Бо мақсади ғанӣ гардонидани фонди осорхона 4 ҷаласаи харидории назди фонди осорхона гузаронида шуда, аз шаҳрвандон ба миқдори умумии 417 адад ашёҳои таърихӣ, фарҳангӣ, сиккаҳои гуногуни таърихӣ, ҳуҷҷатҳо ва нусхаи хаттии нодир, маводҳои замони муосир ҷамъоварӣ карда шуданд. Аз  миқдори умумии ашё 65 адад ба маблағи 30410 сомонӣ харидорӣ карда шуданд, 352 адад ашё ройгон қабул гардида, 137 адад ба фонди асосӣ ва 276 адад ба фонди ёрирасон ворид карда шуданд.

Инчунин, аз тарафи кормандони илмии Осорхонаи таърихии вилояти Суғди МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” мақола ва сайри илмии мавзӯӣ таҳти унвони “Қаҳрамони халқи тоҷик - Темурмалик”, “Кулолгар Соҳибов – муаррифгари санъати тоҷик”, “Инъикоси давлатдории Сомониён дар асарҳо”, “Саҳми кормандони илм ва коркунони соҳаи санъат дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ”, “Рӯзгор ва осори Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ”,  “Раззоқ – маҳаллаи қадимтарини шаҳри Хуҷанд”, “Ривоҷи санъати меъморӣ дар асрҳои XIV-XV ва инъикоси он дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд”, “Инъикоси давлатдории Ҳахоманишиён дар толорҳои намоишии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд” таҳия карда шуданд.

Бо ташаббуси Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 20.09.2022 дар толори намоишии Осорхонаи таърихии вилояти Суғди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию – таърихии “Қалъаи Хуҷанд” шакли хурди намоиши “Тоҷикистон кишвари дарёҳои тиллоӣ” ташкил карда шуд. Дар намоиш зиёда аз 100 адад ашёҳои таърихии марбут ба миллати тоҷик аз фонди Осорхона миллӣ ба маърази тамошо гузошта шуданд.

Ҳадаф аз ташкил ва ифтитоҳи намоиш ин амали намудани дастуру супоришҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати ошно намудани қишрҳои гуногуни ҷомеа бо таъриху фарҳанги пурғановати миллати тоҷик мебошад.

Бояд зикр намуд, ки аҳли ҷомеаи меҳнатии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” дар шароити баамаломадаи ҳодисаҳои 14 – 17 сентябри соли равон дар марзи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон зарари молиявии иқтисодӣ расонид, ки барои дастгирии оилаҳои зарардидагон як рӯзи музди меҳнати худро ба маблағи 3530 (се ҳазору панҷсаду си) сомонӣ ҷамъоварӣ намуда ба Раёсати фарҳанги вилояти Суғд супориданд.

Ёдовар шуд, ки Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” баҳри иҷроиши нақшаи “Обуна - 2023” ба 42 номгӯйи рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ ба мавлағи 5897,49 сомонӣ обуна гардидаанд.

Қобили зикр аст, ки бо дастури супориши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд муассисаҳои соҳаи маориф, тандурустӣ, фарҳанг ба майдони пахтазор рафта, кӯмак барои чидани тиллои сафед дасти ёрии худро ба марди деҳқон дароз намуда истодаанд. Ҳамчунин, кормандони Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” тасмим гирифтанд, ки барои ғанӣ гардонидани хирмани тиллои сафед  ҳар ҳафта рӯзи шанбе саҳми худро хоҳанд гузошт. 

  Дар давраи ҳисоботӣ 5-маротиба конференсияи илмӣ 3-маротиба вохӯрӣ, 6-маротиба намоиш, 1-маротиба намоиши берун аз осорхона, 6 маротиба чорабинии фарҳангӣ ташкил карда шуд.

Инчунин дар ин давра теъдоди тамошобинони боздиднамуда аз Осорхонаҳои МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” 39282 нафарро ташкил дода, аз ин миқдор 13026 нафар тамошобинон аз осорхонаҳо ба таври ройгон дидан намуданд. Бояд гуфт, ки ба 15020 нафар тамошобинон 625 адад сайри илмӣ гузаронида шуд. Теъдоди тамошобинони алоҳида 24262 нафар ва 2428 нафар тамошобинонро аз хориҷии кишвар ташкил медиҳад.

Бояд гуфт, ки мутахассисон ва кормандони илмии осорхонаҳои маҷмаа тибқи нақшаи корӣ оиди ҷамъоварии ашёҳои таърихӣ - фарҳангӣ, пешбурди корҳои илмӣ -таҳқиқотӣ, пурракунии экспозитсияҳои намоишӣ, тақвият бахшидан ба ҷараёни корҳои лоиҳавии иншоотҳои сохташавандаи “Қаълаи Хуҷанд” корҳои назаррасро ба сомон расонида истодаанд.

Инчунин, ҳамасола дар саросари ҷумҳурӣ бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии боғи фарҳангиву фароғатӣ таҳти унвони «Гулзори маърифат» гузаронида мешавад, ки баҳри сабз нигоҳ доштани боғҳои фарҳангӣ ва фароғати мусоидат мекунад. Озмун дар ду давр баргузор мегардад: вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ.

 Қобили зикр аст, ки дар давраи озмуни вилоятии мазкур Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ соҳиби шоҳҷоиза гардид, ва дар даври озмуни ҷумҳуриявӣ бо дипломи Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдони карда шуд. Ин дастоварди назаррас барои тамоми кормандони МД МФТ «Қалъаи Хуҷанд» умеди нав мебахшад.

Дар ин давра дар мавзеъи Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ, ки яке аз ҷойҳои истироҳати тамошобинону сайёҳон ба шумор меравад, баҳри ободонӣ 200000 пиёзакҳои гули лола, зиёда аз 200000 адад гулҳои мавсимӣ, 20000 адад гулкарам, 500 адад гули Виола, 138 адад дарахтони сояафкану мевадиҳанда, аз қабили можавелник, кипарис, палвония, тоҷи хурӯс, бодом, зардолу, нок, себ, хурмо, биҳӣ ва ғайра шинонида шуда, поруҳои минералӣ ва шӯрхок андохта шуда, дарахтон ва токзорӣ чорбоғи Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ ва дарахтони мавзеи боғ  шаклдарорӣ карда шуд.

Бо назардошти чунин омилҳо ҷомеаи меҳнатии МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” тасмим гирифтанд, ки тибқи нақшаи корӣ фаъолияти пурсамар бурда барои таҷлили 30-солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланди фарҳангию фароғатӣ инчунин баҳри хизматрасонӣ ба меҳмонони ватанию хориҷӣ кӯшиш ба харҷ дода истодаанд.

Олимова Н – ҷонишини омир оид ба корҳои илмӣ

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОҲИСОБОТИ фаъолияти нуҳмоҳаи Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” барои соли 2022
Scroll to Top