Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Намояндагони аҳли илму адаб ва фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Рейтинг:   / 1
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Санаи 26-уми сентябр намояндагони аҳли илму адаб ва фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

Дар доираи сафари корӣ меҳмонон бо роҳбарии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон Озодбек Назарбеков аз Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” боздид намуданд. Меҳмонон аз таърихи таъсисёбии Осорхонаи таърихии вилоятӣ маълумот гирифта, бо толорҳои экспозитсионӣ шинос шуданд. Сипас, аз муҷассама ва Мақбараи рамзии Шайх Камоли Хуҷандӣ дидан намуда, сайри Хона-музейи шоир карданд. Озодбек Назарбеков ҳамчун рамзи дӯстӣ дар китоби хотиротӣ таассуроташро қайд намуд: "Икки қардош ӯзбек - тожик халқининг дӯстлиги абадий бӯлсин! Илик, меҳмондӯстлик учун Хӯжанд халқига ӯзбек халқи номидан миннатдорчилик изҳор этамиз.

Ӯзбекистон Республикаси Маданият вазири О.Назарбеков."

Меҳмононро муовини аввали Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Обид Назариён ва муовини раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ ҳамроҳӣ намуданд.

Бояд зикр намуд, ки ҳадафи сафари гурӯҳи корӣ - рушди муносибатҳои фарҳангии дуҷонибаи Тоҷикистону Ӯзбекистон, табодули таҷриба ва дурнамои ҳамкориҳои минбаъда мебошад.

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle CategoriesНамояндагони аҳли илму адаб ва фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”
Scroll to Top