Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

ДАР БОРАИ МО

Шӯъбаи сайёҳии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” баҳри ҷалби сайёҳони ватанӣ ва хориҷӣ ба осорхонаҳои маҷмаа: Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомоти шаҳри Хуҷанд ба номи академик Н.Неъматов, Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ, муаррифии мавзеъҳои таърихии шаҳри Хуҷанд ва дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва ҷумҳуриҳои бурунмарзӣ фаъолият мебарад.

Кормандони шӯъба бо мақсади ҷалби сайёҳон варақаҳо, хатсайрҳои 1 рӯза, 2 рӯза, 10 рӯза ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриро бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ нашр намудаанд. Ҳамчунин барои муаррифии фаъолияти шӯъба аз тарафи кормандон буклетҳо бо ҷой додани расмҳои ҷолиби диққат ва маълумоти мухтасар таҳия намуда, ба сайёҳон пешкаш карда мешавад.

Шӯъба бо ширкатҳои сайёҳии шаҳрҳои Панҷакент, Тошканд ва Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон шартномаи ҳамкорӣ бастааст.

Вазифаи кормандони шӯъба: қабули меҳмонон аз сарҳад, осоишгоҳҳо, аз мавзеи маҷмаа, ташкили нақлиёт, муаррифии мавзеъҳои таърихӣ, экологӣ тибқи хатсайрҳои интихоб намудаи сайёҳон аст.

Дар анҷом: гусели меҳмонон то ҳудудҳои сарҳадӣ.

 

   ХАТСАЙРҲО 

  

ГОСТИНИЦЫ И РЕСТОРАНЫ

                      

Мавзеҳои сайёҳии Тоҷикистон

3 ШАҲРИ КАЛОНТАРИНИ САЙЁҲӢ / САЙРИ 10 РУЗА БА ИН ШАҲРҲО

      

ХУҶАНД

      

ДУШАНБЕ

 

ХОРУҒ

Робита бо шуъба

Шарҳҳо

Вы здесь: HomeТУРИЗМ
Scroll to Top