Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Манзили фарҳангию фароғатӣ

Рейтинг:   / 1
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ яке аз ҷойҳои диданист, ки дар маркази шаҳри Хуҷанд бо тамоми шароитҳои замонавӣ баҳри истироҳати сокинону меҳмонон, хусусан сайёҳони хориҷӣ, хизмат мерасонад. Ҳар як сайёҳе, ки ба вилояти Суғд меояд, ҳатман аз ин гулбоғи ҳамешабаҳор ва манзараҳои зебои он дидан мекунад.

Боғи фарҳангӣ - фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ  соли 2015 бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфта, дар хизмати сокинону меҳмонони вилоят қарор дорад.

Ин боғ дар тамоми фаслҳои сол сарсабзу гулпӯш аст. Бо мақсади дар сатҳи баланди фарҳангӣ омода ва пешкаш намудани ҳудуди маҷмаа барои истироҳаткунандагон  мунтазам корҳои назарррас амалӣ гардида истодааст. Алалхусус, ҷиҳати сарсабзу хуррамии Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ дар мавсими тирамоҳӣ зиёда аз 30 000 адад гули виола, 300 адад гули хризантема ва дигар гулу буттаҳои ороишӣ шинонда шуд.

Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ бо зеботарин гулу буттаҳояш яке аз беҳтарин маконҳои дидании сокинону меҳмонони Хуҷандшаҳр, бахусус сайёҳон мубаддал гардидааст.

Ҳоло корҳои ободонӣ дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ идома ёфта истодааст.

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle CategoriesМанзили фарҳангию фароғатӣ
Scroll to Top