Тадж.       Рус.

ТОҶИКӢ РУСӢ

Моҳвораи ҷавонон дар Суғд бо “Шоми ҷавонӣ” оғоз ёфт

Рейтинг:   / 1
ПлохоОтлично 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

  Санаи 01 майи соли 2026 дар вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд, дар доираи Моҳвораи ҷавонон барномаи фарҳангию фароғатии ҷолиб таҳти унвони “Шоми ҷавонӣ”,бахшида ба 23 май Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Ин иқдом ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, зери шиори “Ҷавонон- пайрави Пешвои миллат” баргузор гардид.

Дар ин чорабинӣ намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимиятӣ давлатӣ ва соҳаи ҷавонон ширкат варзида, аз ҷумла Исмоилзода Зуфар Муртазохон – муовини раиси вилояти Суғд, Ҷамшед Набизода – муовини раиси шаҳри Хуҷанд ва Бахтиёр Исматзода – сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд иштирок намуданд.

Зимни суханронӣ Исмоилзода Зуфар Муртазохон ҳамаи иштирокчиён ва ҷавонони кишварро ба муносибати ин рӯзи муҳим табрик гуфта, нақши ҷавононро дар пешрафти ҷомеа хеле муҳим арзёбӣ кард. Ӯ таъкид намуд, ки сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша дар меҳвари роҳбарияти олӣ қарор дошта, барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати таҳсил, фаъолият ва рушди ҳамаҷонибаи ҷавонон тадбирҳои мушаххас амалӣ мешаванд. Зикр намуд, ки ҷавонон ҳамчун қувваи пешбарандаи ҷомеа бо донишҳои замонавӣ мусаллаҳ гардида, дар ҳифзи арзишҳои миллӣ ва таҳкими истиқлоли давлатӣ саҳми арзандаи худро гузоранд.

Чорабинӣ дар фазои идона ва пуршукуҳи боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” идома гардида, даҳҳо сокинону меҳмононро боҳам овард. Дар барнома дастаи карнайнавозон, ҳунармандони шинохта, маҳфилҳои ҳаҷвнигорон, гуруҳи эҷодӣ ва ҷавонони фаъол бо барномаҳои рангини худ хотири иштирокчиёнро болида сохтанд. Ҳамзамон, иштирокчиёни чорабинӣ бо сарулибоси ягона ва дорои унсурҳои фарҳангӣ ҳузур дошта, ба сатҳи баланди ташкилӣ ва ҳусни баргузории он шукуҳу ҷаззобияти хоса зам намуданд. Инчунин, намояндагони васоити ахбори омма ҷараёни чорабиниро васеъ инъикос карданд.

Дар ин ҳамоиши фарҳангӣ намояндагони соҳаҳои гуногун, аз ҷумла фарҳанг ва варзиш, устодону омӯзгорон, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, инчунин ҷавонони фаъоли вилоят иштирок намуда, аз фазои дӯстиву ҳамдилӣ ва фароғати солим баҳра бардоштанд.

Ҳадафи асосии баргузории чунин чорабиниҳо таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, боло бурдани маърифати фарҳангӣ, ҷалби ҷавонон ба ҳаёти фаъоли ҷамъиятӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мебошад. Барномаи фарҳангӣ бо мазмуну муҳтавои ҷолиб ва рангоранг баргузор гардида, табъи ҳозиринро болида сохт. Дар ҷараёни он саҳнаҳои ҳаҷвии пурмазмун пешкаш шуданд, ки бо ҳазлу шӯхии худ боиси хандаву фароғати тамошобинон гардиданд. Ҳамчунин, сурудҳои зинда бо иҷрои ҳунармандони боистеъдод фазои гарму гуворо фароҳам оварда ба дилҳо шодӣ бахшиданд. Рақсу таронаҳои дилнишин, ки бо либосҳои зебо ва ҳаракатҳои ҳамоҳанг иҷро мешуданд ба барнома ҳусни тоза зам намуданд. Илова бар ин озмунҳои шавқовар бо иштироки ҳозирин баргузор гардида ба чорабинӣ руҳи тоза бахшиданд ва иштирокчиёнро ба фаъолият ҷалб карданд.

Хотиррасон намуд, ки тибқи нақшаи тасдиқшуда, барномаи “Шоми ҷавонӣ” то 30 майи соли равон идома ёфта, барои сокинону меҳмонон имкони хуби истироҳату фароғат фароҳам меорад. Ин иқдом ҳамчун яке аз чорабиниҳои муҳими фарҳангии Моҳвораи ҷавонон дар шаҳри Хуҷанд арзёбӣ гардида, ба рушди муҳити созандаи ҷавонон ва таҳкими арзишҳои миллӣ мусоидат мекунад.

Валӣ Набизод – котиби маркази

иттилоотии МД МФТ”Қалъаи Хуҷанд”

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить

Вы здесь: HomeUsing Joomla!Using ExtensionsComponentsContent ComponentArticle CategoriesМоҳвораи ҷавонон дар Суғд бо “Шоми ҷавонӣ” оғоз ёфт
Scroll to Top